​Қадршиносии ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Дар факултети забонҳои шарқ маросими қадршиносии ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Декани факултет Эҳсонзода Малоҳат ғолибонро ҷиҳати сазовор гардидан бо дастовард табрик намуда, ба онҳо сипоснома тақдим намуд.

Таъкид шуд, ки ғолибони озмунҳо ҳамеша аз дастгириву ҳавасмандгардонии раёсати донишгоҳ бархурдор буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароиту имкониятҳои арзанда барои онҳо мунтазам тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни мазкур аз факултети забонҳои шарқ Холматова Дилноза дар бахши “Эҷоди назму наср” сазовори ҷои сеюм ва Хоҷаев Умматалӣ дар бахши “Адабиёти ҷаҳон”мақоми ифтихориро соҳиб шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ