ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР ТАТБИҚИ ТАҲСИЛИ РАҚАМӢ
Бо мақсади таҳкими ҳамкории байнифакултетӣ, мубодилаи таҷриба, рушди малакаҳои педагогии устодон ва гузариш ба раванди таҳсилоти рақамӣ давоми моҳи ноябр дар сатҳи Донишгоҳ 27 дарси кушод ва 6 дарси маҷозии намунавии устодони факултету кафедраҳои Донишгоҳ тавассути платформаи Zoom ва бо истифода аз барномаву технологияҳои муосир, аз ҷумла Plickers баргузор гардиданд, ки дар ҷараёни дарсҳо омӯзгорони факултету кафедраҳо ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи васеи усулҳои инноватсионӣ, рақамисозии таълим ва ташкилу баргузор намудани дарсҳои кушод ва маҷозӣ имкон фароҳам меоранд, то устодону шогирдон малакаҳои худтанзимкунӣ, идоракунии вақт ва ҳамкорӣ дар муҳити рақамиро рушд диҳанд.
Гуфта шуд, ки агар дар дарсҳои кушод ҳузури теъдоди муайяни устодон ба мушоҳида расад, ин имконият дар дарсҳои маҷозӣ бештар гардида, новобаста аз макони ҷойгиршавии иштирокчиён, шароит муҳайё месозад, ки устодон ва донишҷӯён аз тамоми факултетҳои донишгоҳ ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) пайваст гардида, аз таҷриба ва маҳорату салоҳияти касбии якдигар баҳраманд гарданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил