​К чему ведёт дошкольное образование?

Дар толори факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дарси ҳисоботӣ дар мавзӯи “К чему ведёт дошкольная образования” аз ҷониби омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ Исматова ба роҳ монда шуд.

Ба ин иқдом донишҷӯёни курси якуми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ ҷалб гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории ин дарси мазкур бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи солҳои 2030 баҳри баланд бардоштани маҳорати касбӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ ва тарбия намудани ҳисси зебоипарастии ҷавонон унвон мешавад.

Декани факултет дотсент Шарифиён Муқаддас ба дарси ҳисботӣ баҳои баланд дода, аз нақши ҷавонон ҳамчун мутахассисони соҳаи маориф дар рушди давлат таъкид дошт.

“Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳони тарбия, таълим таҳсил ва маълумотгирии насли наврас ба пешрафти дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоӣ иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа зич алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ зиннаи аввали низоми маориф буда, фаъолияти босамари онҳо имкон медиҳад, ки таълиму тарбия ва омодагии кӯдакон ба таҳсилот таъмин гардад” – зикр дошт декани факултет.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ