​Иштироки ректор дар машғулиятҳои таълимӣ

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар як қатор машғулиятҳои таълимии омӯзгорон иштирок намуд. Ин иқдом ҷиҳати шинос шудан бо раванди таълим ва огоҳӣ аз сифати таҳсилот ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки иштироки роҳбарияти донишгоҳ дар машғулиятҳои таълимӣ бе огоҳии масъулин сурат гирифта, маҳз дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки доир ба баланд бардоштани сифати таълиму таҳсил зимни Паём ва ҷаласаи корӣ бо фаъолони вилояти Суғд ироа шуд, амалӣ гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ин ибтикор ректори донишгоҳ аз панҷ факултети донишгоҳ: таърих ва ҳуқуқ, филологияи рус, геоэкология ва туризм, тарбияи ҷисмонӣ ва филологияи тоҷик боздид ба амал оварда, зимни иштирок дар 30 машғулияти таълимӣ вазъи воқеии сифати таълиму таҳсилро мавриди таҳлил қарор дод.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода таъкид дошт, ки масъулиятшиносӣ зимни иҷрои рисолати касбӣ аз ҷониби омӯзгорон имкон фароҳам меорад, ки соҳаи илму маорифи кишвар рӯ ба рушд ниҳода, сифати таҳсилот баланд бардошта шавад.

Инчунин, роҳбари донишгоҳ бо донишҷӯён сӯҳбати озод намуда, доир ба аҳамият ва зарурияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ, таваҷҷуҳи амиқ ба илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, иштироки фаъол дар машғулиятҳо ва корҳои ҷамъиятӣ, мутолиаи асарҳои илмӣ – бадеӣ, баланд бардоштани ҳуввияти милливу хештаншиносӣ ва риояи ҳатмии либосҳои тавсиявиро таъкид намуд.
Зикр гардид, ки таъмини сифати баланди раванди таълим ва таҳсил шарти муҳими омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат аст.

Ректори донишгоҳ машғулияти ҳар як омӯзгорро дар алоҳидагӣ таҳлил карда, ба омӯзгорони ҷавон дастур дод, ки минбаъд барои самаранок омӯзонидани маводи таълимии нав ба донишҷӯён, ташаккули нерӯи зеҳнӣ, такмили маҳорат ва малакаи онҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Масъулин муваззаф шуданд, ки дар самти таъмини пешрафти раванди таълим ва боло бурдани натиҷаҳои сифати таҳсилот тадбирҳои зарурӣ андешида, дар робита ба ин масъала иқдоми судманд амалӣ намоянд.

Шоистаи таъкид аст, ки дар доираи ин ташаббус дар баробари таваҷҷуҳ ба раванди таълим ва сифати таҳсилот, инчунин корҳои созандагиву ободонӣ мавриди назар қарор гирифт.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода аз рафти омодасозии студияи нави “Фурӯғ”, майдончаҳои варзишии факултети тарбияи ҷисмонӣ, толори варзишии факултети филологияи рус, осорхонаи геологӣ ва озмоишгоҳи экологии факултети геоэкология ва туризм дидан намуда, баҳри таъмини сифати корҳо ва вусъати корҳои созандагӣ дастуру маслиҳати муфид дод.

P.s. Хотиррасон мекунем, ки чунин ташаббус аз ҷониби ректори донишгоҳ бори аввал набуда, мунтазам ба роҳ монда мешавад. Танҳо соли 2021 ректори донишгоҳ дар 150 машғулияти таълимӣ иштирок намуд, ки ҷиҳати ошкори камбудиҳо, ислоҳи муаммоҳои ҷойдошта ва ба ин васила таъмини сифати таҳсилот имкон фароҳам овард.

Интизор меравад, ки иқдоми мазкур минбаъд низ ба роҳ монда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ