Иштироки Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

1 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар чорабинӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуд.

Раиси вилоят аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодону доншҷӯён, ва дар симои онҳо тамоми муҳассилини макотиби миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олиро ба муносибати Рўзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намуд.

Таъкид карда шуд, ки чун анъана дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола 1-уми сентябр ҳамчун Рўзи дониш бо тантана ва шукуҳи хоса таҷлил гардида, дарси аввали соли нави таҳсил аз дарси сулҳ оғоз мегардад. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ин неъматҳои бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастомадаро ҳифз менамоянд. Гузашта аз ин, таҷлил намудани Рўзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавият гувоҳи равшани ғамхориву таваҷҷўҳи доимии хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф мебошад.

НАВИД (sugd.tj)

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ