​Истифодаи технология ва усулҳои инноватсионӣ дар дарс

Бо ташаббуси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” семинар – машварат баргузор гардид. Ба ин ташаббус омӯзгорони кафедраҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб шуданд.

Семинар – машваратро мушовири ректор Маҳмадшоев Маҳмадшо ифтитоҳ бахшида, мақсади иқдоми мазкурро шарҳ дод.

Ба иштирокчиён доир ба методҳои инноватсионии таълим, ки бештар дар ихтисосҳои дақиқ самаранок истифода бурда мешаванд, Усмонова Маҳина, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи иқтисоди рақамии ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ маълумот дод.

Номбурда роҳҳои ҳавасманд намудани донишҷӯёнро бо истифода аз методҳои тадқиқотӣ, бозиҳои мантиқӣ, мусобиқаву ангезиши зеҳнӣ барои иштирокчиёни семинар – машварат шарҳ дод.

Хотиррасон мекунем, ки бо иқдоми шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот силсилаи чунин семинар – машваратҳо ба нақша гирифта шудааст, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани дараҷаи салоҳиятнокӣ, сайқал додани маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон, истифодаи самараноки имкониятҳои таълимии мавҷуда ва баланд бардоштани сифати таълим унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ