​Истифодаи дронҳо дар соҳаи кишоварзӣ

Бо ташаббуси кафедраи педагогӣ ва табиию риёзӣ дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар мавзуи "Истифодаи дронҳо дар соҳаи кишоварзӣ" семинари илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.

Семинарро мудири кафедраи педагогӣ ва табиию риёзӣ дотсент Элмурод Бобоев оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар кори семинар масъалаҳои бартарии дронҳо дар соҳаи кишоварзӣ, афзалияти дронҳо дар пошидани доруҳои кимиёвӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.

Дар доираи кори семинар як қатор маърӯзаҳо шунида шуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби устодон - Тоҳирбобоев Сӯҳробҷон, Пӯлотов Парвиз, Толибов Юсуфҷон ва Аҳлиллоев Турдимурод дар мавзуъҳои "Тадбиқи дронҳо дар истеҳсолоти кишоварзӣ", Бартарӣ ва камбудии истифодаи дронҳо дар соҳаи кишоварзӣ", “Аҳамияти дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишин дар хоҷагии халқ” маърӯзаҳо ироа карданд.

Бо табодули афкор миёни иштирокчиён семинар анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ