​Истифодабарии технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика барои устодону донишҷӯёни факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ семинари илмӣ-намунавӣ доир гардид.

Семинар ба мавзуи “Истифодабарии технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим” гузаронида шуд.

Мудири кафедра Икромова Инобатҷон семинарро ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълим талаботи ҷомеаи муосир буда, ба ташаккул ва нигоҳ доштани шавқи маърифатии хонандагон, рушди қобилияти эҷодии онҳо ва дар амал татбиқ намудани принсипи аёният дар дарс мусоидат мекунад.

Зикр гардид, ки ҷомеаи муосир дар марҳалаи компютерикунонии босуръат, иттилоотикунонӣ, рушди оммавии технологияҳои мултимедиявӣ, мобилӣ, шабакавӣ, интерактивӣ шакли рақамиро мегирад, ки дар он технологияҳо ва хизматрасониҳои абрӣ яке аз омилҳои раванди рақамикунонӣ мебошанд.

Дар фарҷоми семинар суолу ҷавоб доир шуд, ҷиҳати мустаҳкам намудани сатҳи маълумотнокӣ ва дониши иштирокчиён замина гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ