​Инкишофи малакаҳои касбии таҷрибаомӯзон

Бо мақсади инкишофи малакаҳои касбӣ барои мушоҳидаи машғулияти занятие развитие речи, художественная литература дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ М. Рӯзиева ба донишҷӯёни курсҳои дуюми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ, гурӯҳи русӣ ба Муассисаи давлатии“Кӯдакистони Президентӣ”-и вилояти Суғд ташриф оварданд.

Машғулиятҳои намунавӣ дар се гурӯҳ - занятиеразвитие речи ва художественная литература дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб аз тарафи мураббиёни навовари муассиса, Гулнора Ахмедова, Баҳриева Мавзуна, Султонова Баҳриҷон ташкил ва гузаронида шуд. Дар машғулиятҳо 20 нафаритарбиятгирандагон иштирок доштанд. Дар раванди машғулият ҳамаи қисматҳои машғулият ба талабот ҷавобгӯ буда, мураббия аз маводи намоишӣ, маводи тақсимотӣ, аёниятҳои дастисохт мувофиқ ба мавзуъ,воситаҳои техникӣ, ҳамзамон аз усулҳои интерактивӣ ба монанди чархи ақидаҳо, кластери содда васеъ истифода бурд. Зимни машғулият кӯдакон фаъолнокӣ нишон дода, аз ҷониби онҳо ва мураббӣазрӯи матни афсонаҳо нақшофарӣ бо либосҳои мутобиқ ба мавзуъпӯшидашудадар сатҳи баландиҷро гардида,супоришҳое ки аз тарафи мураббия дода мешуд, сари вақт иҷро мегардид. Дар бозиҳои дидактикӣ ва лаҳзаҳои дамгирӣ гурӯҳҳо ба шавқу завқи зиёд иштирок намуда, умуман машғулият дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд.

Дар фарҷоми машғулият ҳар як қисмати машғулият дар алоҳидагӣ таҳлил карда шуда, ҳар як иштирокчӣфикру ақидаҳои худро баён намуданда, машваратҳои педагогӣ доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ