Инъикоскунандаи худшиносии миллӣ

Таҳти унвони №Осори Пешвои миллат - инъикоскунандаи худшиносии миллӣ" бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар хобгоҳи №3 чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Ин ташаббус ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 16 ноябр таҷлил мегардад, роҳандозӣ шуд.

Дар доираи чорабинӣ перомуни мавзуъ маърӯзаҳо шунида шуда, шеърҳо дар васфи Ватан, модар, худшиносии миллӣ ва садоқат ба марзу бум қироат ёфтанд.

Ойбек Холдоров, мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар фарҷоми чорабинӣ аз аҳамияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, даъват ба амал овард, ки донишҷӯён асарҳои Пешвои миллатро мутолиа ва сармашқи фаъолияту зиндагии хеш қарор диҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ