​Иҷлосияи тақдирсоз -рӯйдоди наҷотбахши миллат

Бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хобгоҳи №3 конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.

Омӯзгор Мунира Ҳоҷиева ба чорабинӣоѓоз бахшида, аҳамияти таҷлили санаҳои муҳими сиёсӣ ва нақши Иҷлосияи ваҳдатофарро дар пойдории Истиқлоли давлатӣ таъкид намуд.

Дар конференсия маърӯзаҳои сармуаллим Комилҷон Сангинов таҳти унвони “Пешвои миллат – арбоби барҷаста вакафили сулҳу ваҳдат” ва сармуаллима Зилола Комилова таҳти унвони “Нақши анҷумани саодату ҳамдилӣ дар тағйири маҷрои давлатдорӣ” шунида шуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯи курси якуми факултети филологияи тоҷик Меҳрона Мирсолиева дар мавзуи “Анҷумани миллӣ ва нақши он дар ташаккулёбии фарҳанги сиёсии ҷавонон» маърӯза ироа гардид.

Қироати шеъру гуфтор ва намоиши саҳнаҳои ҷолиб ба ташаббуси мазкур мазмуни бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ