​Иҷлосияи тақдирсоз – Анҷумани саодатофар

Дар толори маҷлисгоҳи хобгоҳи №1-и духтаронаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ташабусси кафедраи электроникаи факултети физикаю техника чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ доир гардид. Ин иқдом ба муносибати Рӯзи Иҷлосияи тақдирсоз роҳандозӣ гардид.

Дар доираи ин чорабинӣ донишҷӯён маърӯзаҳо ироа намуда, дар васфи Парчам шеъру гуфтор қироат карданд.

Таъкид гардид, ки 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб баргузор гардид, ки дар он шахсияти таърихӣ, фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд: “То тинҷию амонӣ нашавад, то фарди охиринро аз дигар давлат барнагардонем, ман худро ором ҳис намекунам”.

“Баргардонидани зиёда аз як миллион гуреза, қабули қонуну қарорҳои наҷотдиҳандаи миллат, раҳоии мамлакат аз муҳосираи сиёсиву иқтисодӣ, барқарорсозии харобиҳои ҷанг, ба сулҳу ваҳдат расонидани миллати пароканда ва амалӣ намудани ормонҳои нуҳуфтаи халқи тоҷик самараи Иҷлосияи тақдирсоз мебошад, ки бо талошу корнамоиҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст”- зикр шуд дар доираи чорабинӣ.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ