​Иқдомҳои Тоҷикситон дар пешгирии терроризм ва эктремизм

Терри Иглтон, донишманди бритониёӣ, терроризмро ҳамчун "Амали ғоя" муаррифӣ мекунад.Ин маънои онро дорад, ки терроризм як амали бошуурона аст, ки бар асоси як навъ замина ва монеаи зеҳнӣ асос ёфтааст.Ин аст, ки ба гуфтаи ин муаллиф, одам аз хашми ногаҳонӣ, ки аз садои телевизиони ҳамсоя ва бидуни доштани ягон заминаи зеҳнии қаблӣ рух медиҳад, хонаашро наметарконад(Иглтон, Террор ва тафаккур, тарҷума ва гироваранда: Амир Ҳушанги Ифтихорӣ, Теҳрон 1390 саҳ. 9).

Луғати англисии Оксфорд терроризмро ҳамчун истифодаи зӯроварӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ ё маҷбур кардани ҳукумат ба иҷрои як амали мушаххас муайян мекунад. Вазорати дифои ИМА низ терроризмро ҳамчун "таҳдиди ғайриқонунӣ ё истифодаи зӯр ё зӯроварӣ алайҳи одамон ё моликият, барои тарсонидани ҳукуматҳо ё мардум бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ" муаррифӣ кардааст(Қурбон Ниё, манбаи интернет). Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки хушунати бошуурона ва таҳдид барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ҳадафҳои аслии террористон аст.

Терроризм дар таърих решаҳои тӯлонӣ дорад, аммо дар замони муосир онро бори аввал инқилобчиёни фаронсавӣ истифода кардаанд. Аз моҳи майи соли 1793 то июли соли 1794 ҳазорон нафар дар гилотинаи Фаронса замони ҳукмронии терроризм ба қатл расонида шуданд(Ошурӣ, Доириуш, Донишномаи сиёсӣ, Теҳрон 1384 саҳ. 99).

Коршиносон терроризмро ба навъҳои мухталиф ҷудо мекунанд, аз ҷумла терроризми пеш аз замонавӣ, терроризми муосир, терроризми постмодернӣ ва кибертерроризм (терроризми виртуалӣ). Терроризми виртуалӣ дар натиҷаи камшавии сайёраи мо ва густариши интернет ба вуҷуд омадааст.Имрӯзҳо шаҳрвандон ба ҳар гуна сомонаҳои интернетӣ ворид шуда, фирефтаи тарғиботу ташвиқоти террористонмешаванд ва ё аз истифодаи интернет бархе худдорӣ намуда, ба онҳо вокуниш намекунанд, ки маҳз дар ҳамин лаҳза террористон зарба мезананд.Ҳамлаҳои киберӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани воҳима ё расонидани зарари иқтисодӣ ба ҷомеаи мавриди ҳадаф тарҳрезӣ шудаанд.

Илова бар инҳо, имрӯз аз намудҳои дигар низ ҳамчун терроризми нарм ё бехун ёд мешавад.Дар ин навъ террористон аз асбобҳои хазанда ва пинҳон манфиат мегиранд. Шояд худи ҷомеаи мавриди ҳадаф онро нафаҳмад ва бешуурона барои пешбурди он кӯмак кунад. Ин навъи терроризм дар натиҷаи афзоиши дониш ва равобити байналмилалӣ ба вуҷуд омадааст. Кибертерроризм ё терроризми маводи мухаддир (наркотерроризм) яке аз хатарноктарин усулҳо мебошад. Мутаасифона, чунин навъ низ дар ҷаҳони муосир афзоиш ёфта истодааст. Ташвишовар он аст, ки дар ин намуд бештар ҷавонону наврасонро истифода мекунанд ва онҳо ба доми фанди қотилон гирифтор мешаванд. Имрўз олимон барои тањлили падидаи терроризм аз равишњои гуногун, аз љумла равишњои динї, равонї, фалсафї ва ё мантиќї-оќилона истифода мебаранд. Аз ҷумла соҳибони равиши равоншиносӣ бар ин назаранд, ки терроризм як падидаи ғайримантиқӣ буда, аксар вақт афроди ҷудошуда, шикастхӯрда ва ноком ба доми гурӯҳҳои террористӣ меафтанд.Воқеан, ба гуфтаи ин коршиносон, ҷавононе, ки мушкилоти шахсиятӣ доранд ва ё тавоноии мутобиқ шудан ба равияҳои иҷтимоӣ надоранд, бештар имкони пайвастан ба террористҳоро доранд.

Терроризм ва эктремизм падидаи хеле бад ва ташвишовари кулли ҷаҳон маҳсуб ёфта, сабаби сар задани ҳодисаҳои хунин, таҳқиру хавф ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини ақлию ҷисмӣ, таҷовуз ба номус, бетартибӣ, вайрон кардани сохти конститутсионии кишварҳои мухталиф, кашида гирифтани ҳокимият, бедор кардани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Терроризм ва эктремизм миёни қишрҳои гуногуни мардум махсусан миёни ҷавонон яке аз масъалаҳои асосии ҷамъият буда, дар натиҷа ба харобиву хорӣ меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро вазифаи меҳварии худ қарор дода, таъмини амнияти миллӣ ва ҷаҳониро бо тамоми кишварҳои олам масъалагузорӣ мекунад. Ҷиҳати ҳалли ин муаммо ҳамкориҳои муштаракро бо дигар кишварҳо тақвият бахшида, дар ин самт мунтазам баромад мекунад. Бегумон ҳадафҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ватеррористӣ иборат мебошанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳон бениҳоят рушд ёфта, хатари калони ҷамъиятӣ доранд ва барои бехатарии давлатҳо ва минтақаҳо воқеан таҳдид менамоянд.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Таҳдиди терроризм ва экстремизм бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин ба объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зӯроварӣ интихоб мекунанд, имрӯзҳо на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте баррасӣ мегардад, ки дар маҷмӯъ метавонад ба тамоми ҷаҳон зиён оварад.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳронии ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ (байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯии умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода шавад. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстремизми (ифротгароии) байналмилалиро таъсис дод ва дар ин замина ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маводи тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.

Имрӯз дар шароити нави таърихӣ низ ҷуғрофиёи терроризм ва экстремизм боз ҳам васеъ гардида, бештаре аз давлатҳои ҷаҳонро фаро мегирад. Ин муаммо ва мушкилоте ба шумор меравад, ки ҳаллу фасл, пешгирӣ ва аз миён бурдани он рисолати тамоми кишварҳои дунё ва роҳбарону сарварони онҳо ба шумор меравад.

Терроризм на танҳо аз ҷангҳои классикии байни ду кишвар фарқ мекунад, балки як масъалаи фаромиллӣ ва фаромарзӣ низ мебошад.Дар гузашта баъзеҳо гумон мекарданд, ки терроризм сарчашмаи иқтисодӣ ва равонӣ дорад.Ин маънои онро дорад, ки мардуми фақир ва ё инзиво ба гурӯҳи террористӣ мепайванданд, аммо таҳқиқи дақиқтар нишон медиҳад, ки ин фарзия беэътибор аст. Гап дар сари он аст, ки аксари ифротгароӣ дар Ховари Миёна ҳуввият ва решаи мазҳабӣ доранд. Дар канори баҳсҳои умумии беохир байни сиёсатмадорон ин ду мушкилоти ба ҳам алоқаманд, яъне терроризм ва ифротгароӣ натиҷаи табиии бесамарии вазъи кунунии байналмилалӣ ва бахусус таҳаввулоти ахир аст.Ин ду мушкилот на танҳо дар як минтақаи муайяни ҷаҳон ҳастанд ва на хоси як дини муайян.Инчунин, онро танҳо дар доираи як минтақаи мушаххас ё бо такя ба техникаи низомӣ ҳал кардан мумкин нест. Воқеияти мушаххас ва зиштиҳои имрӯза моро водор мекунад, ки ин чолишҳоро бо чашми комилан боз ва дур аз хаёл ва худфиребӣ мавриди омӯзиш қарор диҳем. Акнун бояд ба ҳама маълум бошад, ки муборизаи муассир ва муваффақ бо ин ду зуҳуроти номатлуб бархӯрди ҳамаҷониба ва стратегияи бисёрсоҳаро тақозо мекунад, ки пеш аз ҳама ба дарки бошууронаи шароити иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ҷаҳоние, ки онҳо ба як ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд, вобаста аст. Ҷиҳати ҷилавгирӣ аз созмонҳои террористии ифротӣ ва дар ниҳояти кор аз байн бурдани онҳо, ки тақозои рӯзмарра аст, бояд ҳама бо тамоми донишу имконоташ зидди он мубориза барад.Имрӯз дар бораи чолишҳои ваҳшатноки терроризму ифротгароӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо он рӯбарӯ аст ва ҳамчунин мубориза бо ин зуҳурот ва пешгирии паҳншавии он ва то ҳадди имкон решакан кардани он зиёд гуфта мешавад.Новобаста аз он, ки кишварҳои мухталиф нисбат ба ин ду зуҳурот чӣ гуна мавқеъ доранд ва ё моҳияти сиёсати расмии кишварҳои мухталиф нисбат ба онҳо чӣ гуна аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ як эътиқоди муштарак дорад, ки ин мушкилот бояд зудтар ва ба таври муассир ҳал карда шаванд. Дар ин замина пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешиниҳоди ниҳоят пазируфтанӣ ва саривақтӣ буда, итминон дорем, ки барои гирифтани пеши роҳи терроризму экстримизм хеле мусоидат мекунад.

Анварова М.Н.- н.и.ф., дотсент

Саидғанизода Саидсултонхон - доктори фалсафа PhD,

кафедраи филологияи араб, факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ