​Ҳифзи Ватан-вазифаи ҳар як шаҳрванд

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳимоятгарони Ватан” баргузор гардид.

Нахуст, магистранти соли аввали факултет Дилором Тоҳирова дар мавзӯи “Ҳифзи Ватан-вазифаи ҳар як шаҳрванд” маърӯза карда шуд, ки дар он оид ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва гақши артиш дар таъмини амнияти миллӣ изҳори назар карда шуд.

Сипас, дар қисми фарҳангӣ аз ҷониби магистарнтону донишгҷӯёни факултет саҳнаи тарбиявӣ, сурудхониву рақс манзури ҳамагонгардид.

Дар қисмати ҷамбастии чорабинӣ декани факултет Муқаддас Эгамбердиева иштирокчиёнро ба ин санаи муҳими таърихӣ табрик гуфта, нақши Артиши миллиро дар ҷомеаи муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ