​Ифтитоҳи конференсияи илмии анъанавӣ дар донишгоҳ

Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими ифтитоҳии конференсияҳои илмии анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантону донишҷўён доир гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода конференсияро ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки ин ташаббус бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рӯзи илми тоҷик бахшида мешавад.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз доир гардидани конференсияи анъанавии илмии устодону омўзгорони донишгоҳ ҷалби васеи донишҷўёну омўзгорон ба самти илму маърифат буда, танҳо давоми ду моҳи охир дар доираи ҳафтаи илм беш аз 284 чорабиниҳо, аз ҷумла семинару маҳфилҳои илмӣ, мизҳои мудаввар, ҷаласаҳои намунавӣ, конференсияҳо, муаррифии китобҳои соҳавӣ, виктаринаҳои илмӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи конференсия дар бахши устодон ва олимони ҷавон 821 маърўза, докторантону магистрантон 309 маърўза, бахши донишҷўён 681 маърўза ироа хоҳанд гардид.

Дар назар аст, ки дар ҳамаи факултетҳо 73 бахши устодон, 35 бахши магистрантону докторантон, 73 бахши донишҷӯён баргузор гардида, дар маҷмуъ 1823 маърӯзаи илмӣ шунида хоҳад шуд.

Дар идома директори Институти илмӣ-таҳқиқотии рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, профессор Қодиров Абдураҳмон дар мавзуи “Иқтисоди рақамӣ ва нақши он дар саноатикунонии босуръат” ва мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат Собиров Мурод дар мавзуи “Пешвои миллат ва ҳаллу фасли масъалаҳои об дар сайёра” маърӯза намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки конференсия дар факултетҳои донишгоҳ давоми як ҳафта баргузор шуда, кори бахшҳо натиҷагирӣ ва ғолибон бо туҳфаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадр хоҳанд гардид.

Изҳори бовар шуд, ки маърӯзаҳои ироагардида барои пешрафти илму маориф ва ба таълиф гардидани китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, монографияву корҳои курсиву дипломии унвонҷӯёну донишҷӯён кӯмак хоҳанд намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ