Ифротгароии динӣ ва омилҳои он
Ҷомеаи муттамадин, ки дар таҳавуллоту бархурдҳои ифротгароии динӣ муборизаи шадид дорад дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодааст. Муборизаи беамон ва решакан кардани зуҳуроти ифротгароии динӣ – сиёсӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати кишвар чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ чораандеши шуда истодааст. Бесабаб нест, ки ифротгароӣ ва ифротишавӣ зуҳуроти хавфнокест, ки агарчи мубалиғони он бо баҳонаҳои дини воқеъӣ ва эътиқодҳои ҳақиқӣ аз номи дини мубини Ислом баромад мекунанд ҳеҷ мансубияте ба дини Ислом надорад. Ба таври дигар ифротиён ин гурӯҳи тасодуфӣ ва гумроҳшудагонеанд, ки дар аксар ҳолатҳо зери таассуб қарор гирифта, ақида ва эътиқоди хешро тағийр дода ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудаанд. Шахсе, ки ба гурӯҳҳои тундгаро шомил мегардад, дигарбора имконияти баромадан аз ин роҳро гум намуда, дар гирдоби ақидаҳои ифротгароён ғарқу нобуд мегарданд. Бояд давлат ва аҳли ҷомеа алайҳи ингуна гурӯҳҳои ифротгароён мубориза барад.
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар минбарҳои ассамбеляи байналхалқӣ оиди ингуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа чун терроризм, экстремизм ва ифротгароии динӣ баромад ва маҳкум менамоянд.
Имрӯз созмонҳои ифротгароии динӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳони имрӯза аксари кишварҳои ҷаҳонро зери хатари ҷиддӣ мегузорад. Ҳадафҳои муҳими ифротгароии динӣ тафриқаандозӣ миёни мардум баҳисоб рафта, оқибати нохуши он ба бенизомӣ, ҳаргуна таҷовуз, зӯроварӣ, тағйири сохти конститутсионии ин ён кишвар, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ ва динӣ оварда мерасонад.
Ҳаракати гурӯҳҳои ифротгароии динӣ халалдор ва нобуд сохтани истиқлолияти давлатҳои мустақил нигронида шуда, ошкоро мақсад гузоштааст, ки бо зӯрӣ ин ё он ҳокимиятро ғасб намуда ба тобеияти худ дарорад.
Ифротгароии динӣ яке аз проблемаҳои асосии хатаровар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидои асри ХХI ба ҳисоб рафта, ҳодисаҳои сангин ва ногувори солҳои охир далели ин нукта мебошад.
Рӯйдодҳои таърихи навини Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳад, ки равияҳои ифрогароии динӣ ба монанди “Салафия”, “Ҳизб – ут – таҳрир”, “Ансоруллоҳ” ва ғайра ҳеҷгоҳ аз нақшаҳои худ даст намекашиданд ва барои амалӣ сохтани идеяҳои нопоки худ ҳаргуна роҳу воситаро истифода менамуданд. Барои пайравони ингуна равияҳои ифротгаро мафҳумҳои худшиносӣ, миллат, Ватан, сулҳу амният ва суботу осоиштагӣ ҳеҷ арзише надорад ва бештар шуури онҳоро таассуби динӣ, ҳирси ҳокимият ва бадаст овардани молу сарват фаро гирифтааст.
Равияҳои ифротгароии динӣ, асосан аз тарафи як қатор кишварҳои арабии Шарқи Наздик маблағгузорӣ карда шуда, ҳадафҳои нопоку геополитикии худро бо ҷалб намудани кишварҳои соҳибистқлоли Осиёи Марказӣ равона кардаанд. Ва ин таъсиррасонӣ пеш аз ҳама ба воситаи ҳаргуна фишангҳои мазҳабӣ амалӣ карда мешаванд.
Масалан, идеологияи равияи ифротии салафия бо воситаи хоҷагони хориҷии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фазои ороми динию мазҳабии ин ё он кишвари Осиёи Марказиро халалдор намуда, нуфузи мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафияро коста гардонанд ва баҷойи он ақидаҳои ифротию бунёдгароёнаи худро ҷори намоянд.
Оиди ин муаммои ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 – юми апрели соли 2002 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи зуҳуроти хатарзои ҷаҳони муосирро мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуда буданд, ки хавфи афзудани муноқишаҳои минтақавӣ дар заминаи ихтилофоти динию мазҳабӣ, зиддиятҳои қавмию нажодӣ, тамоюлҳои идеологӣ, талошҳои ошкору ниҳон барои ба дастовардани захираҳои сӯзишворию ашёи хом, тақсимоти нави бозори ҷаҳонӣ ва ғайра мебошад, ки дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои гуногун дар гӯшаҳои мухталифи сайёра аланга мегирад.
Дар ин васила бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24 – уми сентябри соли 2024 дар Мубоҳисаи 79 – уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню – Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зимни суханрони ва баромад пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул гардад. Ин аз он гувоҳи медиҳад, ки равияҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “Ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ва оқибатҳои он боиси мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон хоҳад гашт.
Равияҳои ифротгароии динӣ аз қабили ДИИШ, «Ҷабҳат-ан-нусра» бо идеологияи салафии таассубгаро, ки бо маблағгузории як қатор кишварҳои сарватманди Араб, Халиҷи Форс ва ғайра арзи вуҷуд ва фаъолият мекунанд, ба бозичаи дасти хоҷагони худ табдил ёфтаанд. Равияҳои ифротию бунёдгарои мазкур ваҳшониятҳоеро аз қабили амалҳои сарбуридан ва зинда оташ задани одамонро бо аҳкоми дини мубини Ислом асоснок намуда, номи дини исломро дар пеши назари ҷомеаи ҷаҳонӣ беобрӯ менамоянд.
Дар робита ба ин масъала Пешвои муаззами миллат қайд менамоянд, ки мавқеи устувори минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ пайдо кардани терроризми байналхалқӣ, экстремизм ҳамчунин паҳншавии ғояҳои зӯроварӣ, тарғиботи зарароварии мазҳабию идеологӣ ва бавоситаҳои иттилооти омма роҳ ёфтани онҳо мебошад. Мутаассифона, дар воқеаҳои Сурия як қатор шаҳравандони гумроҳшудаи Тоҷикистон низ иштирок менамояд ва бо ин амали нангини худ номи Ватан, падару модар ва оилаҳои худро доғдор менамоянд. Онҳо моҳият ва асолати инсондӯстонаи дини мубини исломро сарфи назар намуда, аз номи дини мубини Ислом ба куштори одамони бегуноҳ ва ғоратгарии аҳолии осоишта даст мезананд.
Афзоиши нуфузи ниҳоди террористии ба ном Давлати исломӣ дар Сурия ва Ироқ, аз ҷониби ҷангҷӯёни он кӯшиши зери тасарруф гирифтани минтақаҳои нав ба нави ин кишварҳо, куштори бераҳмонаи ҳазорон нафар мардуми мусулмон ва аз байн бурдани мероси фарҳангӣ, инчунин вусъат гирифтани ғояҳои тундгароӣ дар баъзе давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон омилҳои асосӣ ва нигаронкунандаи вазъияти имрӯза ба ҳисоб мераванд.
Ислоҳталабони ифротӣ тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ ҷавонони зиёд, иддае аз рӯзномнигорон, муллову сархатибҳо ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеаро пайрави иттиҳодияи худ намоянд.
Ба ҳамаи ин душвориҳои пуртазоди геосиёсии ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол тавонист созмонҳои пурқуввати ҷавонон ба монанди, Иттифоқи ҷавонон, Ҷамъияти ҷавонони эҷодкор, Ҷамъияти ҷавонони ҳуқуқдон ва ғайраро ташкил намояд, ки ҳадафи меҳварии онҳо пеша аз ҳама таҳкими сулҳу субот, ягонагии ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, тарбия дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлолият, тақвият бахшидан ба иқтисоди солими миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳама гуна навъи ҷинояткорӣ мебошад.
Мутаассифона, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он бисёре аз ҷавонон ва ноболиғони дар муҳоҷират қарордошта ногузир зери таъсири ғояҳои ифротӣ ва тундгароии динӣ қарор гирифтанд. Мубаллиғони ҳаракатҳои моҳияти экстремистӣ ва террористидоштаи гурӯҳҳои «ал-Қоида», «Салафия», «Байъат», «ал — Ҷиҳод», «Ансоруллоҳ» ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ҳизб-ут-таҳрир», Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва Рофизиён аз ин фурсат истифода бурда, бо баҳонаи таълими дини мубини ислом ҷавонони тоҷикро дар ҳавзаҳои идеологӣ ва мафкуравӣ ба камол расониданд. Илова ба ин, мубаллиғон мағзи ҷавонони сабукфикр ва бехабар аз улуми диниро бардурӯғ ва ғаразнок зери шиорҳои «ҷиҳоди исломӣ», «амри маъруф ва наҳйи мункар» пур намуданд. Ҳамин аст, ки ҷавонони дорои мафкураи ифротӣ аз қабул ва шинохти дини мубини Ислом, ки сарчашмаи сулҳу субот ва маҳзари покию иффат, махзани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад, маҳрум мондаанд.
Муносибат бо ифротгароии динӣ натиҷагирии объективонаро талаб мекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ифротгароии динӣ объекту субъект ва ҳадафҳои якрангу муқаррариро надорад. Шаклҳои гуногуни зуҳури ифроотгароии динӣ, эътирофи гурӯҳи террористиву экстремистӣ, аз ҷониби давлатҳои дигар, як навъ норавшанӣ ва печидагиро дар фаҳми воқеии моҳияти ифротгароии динӣ ба вуҷуд овардааст.
Омӯзиши ифротгароии динӣ ва оқибатҳои он аҳамияти барҷастаи илмию назариявӣ, маърифатӣ ва махсусан амалӣ дорад. Зеро дар олами муосир қариб кишваре ё минтақаеро дарёфт кардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои террористӣ ва оқибатҳои вазнини он дар канор монда бошад. Солҳои охир, махсусандаҳсолаи охири он ифротгароии динӣ чунон шакл гирифтааст, ки дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам дар марказҳои бузурги тамаддуни муосир ва ҳатто дар ҳаёти одамони алоҳида таъсири худро дарёфт намудан кори муқаррарӣ гардидааст.
Ҷӯраев Муродҷон Сангинбоевич,
дотсенти кафедраи археология,
этнография ва диншиносии
факултети таърих ва ҳуқуқ