ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ АЗ НИГОҲИ ФАРҲАНГИ МУСУЛМОНӢ

Дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ эътироф шудааст, ки ифратгароӣ ба ҷомеа, амнияти давлату миллат хатари ҷиддӣ меорад, чунки дар кадом шакл набошад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти давлат, минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад.

Дар суханронии худАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, моҳи сентябри соли 2024 чунин иброз намуданд:“Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем. Чунки бетарафӣ ҳам барои давлат ва ҳам барои миллат ба чӣ гуна ҳодисаву фоҷиаҳо боис мегардад, насли калонсоли кишвар ва аксари дар ин толор нишастагон хуб медонанд”.

Аз ин рӯ, омӯзиши фарҳанги мусулмонӣҳам барои ҳар як фарди тоҷик, алалхусус ҷавонон имконият фароҳам меоварад, ки ба бетарафию муросокорӣ роҳ надиҳанд. Фарҳанги мусулмонӣ яке аз бузургтарин ва ғанитарин дастовардҳои маънавии инсоният ба шумор меравад. Ин фарҳанг дар тули беш аз чордаҳ аср ба ҳайси манбаи илму ҳикмат, ахлоқу маънавият ва созандагии ҷомеа хизмат кардааст. Асоси он бар рӯи таълимоти Қуръони Каримустувор аст, ки инсонро ба ростгӯӣ, адолат, раҳмат, меҳрубонӣ ва сулҳу ҳамзистӣ даъват менамояд.

Дар таърихи тамаддуни исломӣ, мусулмонон дар соҳаҳои гуногун — аз фалсафа то тиб, аз адабиёт то меъморӣ ва аз илмҳои дақиқ то ахлоқи иҷтимоӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Номҳои бузурге чун Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Форобӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон гувоҳи равшани онанд, ки фарҳанги мусулмонӣ ҳамеша фарҳанги дониш, созандагӣ ва хирад буд.

Аммо мутаассифона, дар давраҳои муосир бархе гурӯҳҳои ифротӣ ва сиёсӣ бо сӯиистифода аз номи ислом ва шиорҳои мазҳабӣ кӯшиш доранд, ки кирдорҳои хешро бо дину эътиқод асоснок нишон диҳанд. Ин гуна гурӯҳҳо, ки аз рӯи манфиатҳои сиёсӣ ва идеологӣ амал мекунанд, бо истифода аз ноогоҳии мардум ва таҳриф кардани маънои ҳақиқии таълимоти исломӣ, зери ниқоби «ҷиҳод» ва «имон» амалҳои зӯроварӣ, куштор ва террорро анҷом медиҳанд.

Бо вуҷуди он ки ислом дини сулҳ ва ваҳдат аст, чунин гурӯҳҳо симои онро дар чашми ҷаҳониён бо кирдорҳои худ доғдор месозанд. Ифротгароӣ ва терроризм, дар ҳар шаклу намуде ки зоҳир гардад, на танҳо мухолифи арзишҳои исломӣ, балки зидди тамоми принсипҳои ахлоқии башарият аст. Қуръони Карим ба таври ошкор мефармояд: «Касе касеро бе ҷиноят ё фасод дар замин бикушад, гӯё тамоми инсониятро куштааст; ва касе касеро зинда дорад, гӯё тамоми инсониятро зинда доштааст».

Ин оят далели равшани он аст, ки ислом куштори бегуноҳонро на танҳо манъ, балки шадидан маҳкум мекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷомеаи мусулмонӣ бо такя ба арзишҳои воқеии дини ислом, аз ҷумла таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ақидаи дигарон ва ҳамзистии осоишта, ба муқобили идеологияи ифротгароӣ мубориза барад. Мубориза бо терроризм танҳо бо истифодаи қувваи низомӣ имконпазир нест, он пеш аз ҳама бояд муборизаи маърифатӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ бошад.

Тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстӣ, шинохти дурусти таълимоти исломӣ, баланд бардоштани савияи маърифат ва рушди тафаккури интиқодӣ воситаҳои муассири пешгирии ифротгароӣ мебошанд. Ҳар як мусалмон бояд дарк кунад, ки дини ислом ӯро ба меҳру муҳаббат, адолат ва сулҳ фаро мехонад, на ба нафрату душманӣ. Дар натиҷа, танҳо тавассути эҳё ва таҳкими фарҳанги ҳақиқии мусалмонӣ метавонем зеҳни ҷомеаро аз таъсири идеологияҳои зӯроварона эмин дорем ва симои нури исломро, ки дини раҳмат ва инсондӯстист, аз торикии таассуб ва террор ҷудо намоем.

Т.Каримов,

сармуаллими кафедраи фарҳангшиносии

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ