​ИФРОТГАРОӢ ВА АҚИДАИ ИФРОТӢ

Панди гузаштагони мо аз устод Рӯдакӣ то имрӯз чароғи раҳнамои мо аст. Устод Рӯдакӣ беш аз1100 сол пеш ба мо ҳушдор дода буд: Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад!

Ҷомеаи муосир бояд бидонад ва бо чашми хирад ба ҷаҳони муосир бингаранд, ки гурӯҳи динии ифротї зуҳур кардаанд, ки онҳо гурӯҳи динӣ нестанд, балкигурӯҳи сиёсӣ ҳастанд, мехоҳанд ҳокимиятро гиранд, аммодар рӯяшон ниқоби динӣ мекашанд.

Ифротгароӣ ва ақидаи ифротӣ, ки мо онро хатарнок меҳисобем, чист? Ифротгароӣ ҳолатест, ки як инсон динро дуруст нафаҳмида, ба ҷойи он хурофот ва ақидаҳои тангу торикро пайравӣ мекунад. Ифротгароӣ ба маънои аз ҳад гузаштан, сахтгирӣ кардан, дигаронро таҳаммул накардан ва кур-кӯрона пайравӣ кардани инсон аз дин аст. Он як таассуби ҷоҳилона аст, ки боиси ихтилоф, ҷангу ҷидол ва нооромии ҷомеаҳои мусулмонон мешавад.

Ифротгароён касоне ҳастанд, ки ба ҷойи таълиму тарбия ва ибодату пайравӣ аз дин, ақидаҳо ва мақсадҳои сиёсиро пайравӣ мекунанд. Ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ сохта, мехоҳанд давлатро ба даст гиранд. Барои расидан ба ин мақсади сиёсии худ динро истифода мебаранд ва ба ин роҳ мусулмононро фиреб мекунанд.

Ақидаи ифротӣ то андозае хатарнок аст, ки оқибат ба ҷангҳои динию мазҳабӣ, зарарҳои азими молию ҷонӣ ва вайрон шудани кишварҳо, оварда мерасонад. Агар як ҷавон ба чунин гурӯҳҳо шомил шавад, зарари он на танҳо ба худи ӯ, балки ба аҳли хонаводаи ӯ, ба ҷомеа ва Ватани ободу осудаи мо низ мерасад. Зеро дар пушти ин гурӯҳҳо давлатҳои хориҷӣ истодаанд ва агар ин гурӯҳҳо ба кишваре роҳ ёбанд, он кишвар ба майдони муборизаҳои калони қудратҳои ҷаҳонӣ табдил мешавад. Дар натиҷа на танҳо суботу амният, балки истиқлолияту мавҷудияти кишвар зери хатар мемонад.

Дар њаќиќат, дини ислом як дини аз ҷониби Худованд комилшуда мебошад. Аз ин рӯ, он ба ягон ҳизбу гурӯҳи махсуси сиёсӣ эҳтиёҷ надорад. Чи гурӯҳи ба номи “Давлати исломӣ”, чи салафия, чи ихвония ва чи ҳизби наҳзат. Чунин гурӯҳҳо ҳамеша аз номи Ислом суиистифода карда, ба номи дин иснод меорад. Бояд дарк намоем, ки сабабгори асосии ҷангҳои шаҳрвандӣ ва нооромиҳои сиёсӣ дар ҳамаи кишварҳои мусулмоннишин, аз ҷумла, Афғонистон, Яман, Сурияву Ироқ, Тунис ва ғайра суиистифода гардидани ислом ва арзишҳои исломӣ мебошад.

Пас, Шумо бояд бидонед, ки ислом дин аст, эътиқод аст, имон ба Худои азза ва ҷалла ва Паёмбари барҳақи ӯст. Аммо сиёсат бозиҳои манфиати абарқудратҳост, ки аз фақру нодонии мардуми мусулмон истифода карда, онҳоро ба ҷангу хунрезӣ ва ҳамдигаркушӣ мекашанд. Мардуми мусулмонро ба гирдоби кашмакашиҳо андохта, худашон аз он истифода мекунанд. Дар натиҷаи чунин таблиғҳои нодуруст, баъзе аз ҷавонони ба доми чунин гурӯҳҳои ботил гирифтор шуда, бар зидди давлату миллати худ ва падару модари худ мебароянд, барои нобуду ноором сохтани ҷое, ки хуни нофашон он ҷо рехтааст, ба даст силоҳ мебаранд.

Ҷиҳоди мову шумо ин ҷаҳду талош барои рушду пешрафти хонаи ягонаи худамон – Тоҷикистони азиз аст. Ҳеч бегонае дар фикри ободии ин хонаи мо нест.

Имрӯз ҳам чунин бозиҳои қудратҳои ҷудогона давом дорад. Кишварҳои абарқудрат дигар дар сарзамини худашон ҷанг намекунанд. Онҳо бо барангехтани фитна дар дигар кишварҳо ҷангро оғоз карда, баъдан мардумро ба мусулмону номусулмон, шиаву суннӣ ва ғайра ҷудо мекунанд, баъдан аз ҷавонони соддаи мусулмон даъват ба “ҷиҳод” мекунанд. Бинобар ин, дар ин масъала ҷавонони мо бояд хеле ҳушёру зирак бошанд. Борҳо гуфтем ва боз мегӯем, ки ҷавонони мо набояд ба муборизаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷ, кадом кишваре набошад, мудохила кунанд. Чунки ба ғайр аз ҳамин сарзамини муқаддас – Тоҷикистон дигар мулки бегона барои мо Ватан шуда наметавонад.

Қобилов А. муаллими кафедраи забони тоҷикӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ