​Идомаи корҳои ободонӣ дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ

Дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ва устодону донишҷӯёни 18 факултетҳои донишгоҳ ҷиҳати тозагиву ободгардонии минтақаи таълимӣ-таҷрибавӣ ҳашари дастаҷамъӣ ба роҳ монда шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом таъкид намуд, ки раёсати донишгоҳ дар партави сиёсати созанда ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба масъалаи самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҷиҳати ноил гардидан ба натиҷаҳои хуб аз тамоми имконият истифода мебарад.

Дар доираи ин ташаббус 800 адад ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла чор навъи зардолу ва олу, 238 адад ниҳоли арча шинонида шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати 25,9 гектар дар ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, шумораи дарахтони мевадиҳанда 15 намудро ташкил медиҳад.

Дар минтақа наздик 10 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш ёфта, ҳамасола беш аз 20 тонна анвои гуногуни мева аз ин минтақа ба даст оварда мешавад.

Раёсати донишгоҳ ҷиҳати шинонидани дарахтони ба шароиту иқлим мувофиқ, зиёд намудани ҳосили дарахтони мевадиҳанда, истифодаи самараноки замин ва корҳои ободонӣ дар минтақа мунтазам тадбирҳои зарурӣ анҷом медиҳад, ки иқдоми имрӯз – шинонидани 1000 бех ниҳоли дарахтон аз зумраи ҳамин тадбирҳост.

Мувофиқи маълумоти масъулин, ҳамасола беш аз 20 тонна анвои гуногуни мева аз минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” ба даст оварда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ