​ХУРОФОТ ВА ИФРОТГАРОӢ – ЧОЛИШҲОИ АСРИ МУОСИР

Воқеан, қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад.

Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз ҳадафҳои асосии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ворид гардидани тайғиру иловаҳо ба низоми муайяну меъёрнок, танзимшаванда ва идорашаванда даровардани анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва динӣ, инчунин бартараф кардани урфу одатҳои куҳнашуда, зарарнок ва хурофоти сершуморе мебошад, ки онҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба таркиби фарҳанги миллӣ, суннат ва дину мазҳаби мардуми тоҷик ворид шудаанд.

Хурофот дар аксарияти мавридҳо мардумро ба худ гирифтор сохта, барои ба таври пайваста баланду беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеъ мешавад. Аз нуктаи назари таълимоти динӣ хурофот чизест, ки аз доираи дин ва аҳкоми он берун аст. Аз нигоҳи илмӣ бошад, хурофот гуфта чизеро меноманд, ки илман исбот нашудааст ва бештар бофтаву сохта аст. Хурофот дар фарҳангномаҳо маҷмуи асотиру қиссаҳо, ривоят, ақидаву тасаввурот ва расму анъанаҳои ботилу беасосеро ифода мекунад, ки ба ақл, донишу маърифат, мантиқ ва воқеият созгор нестанд. Аз ин лиҳоз, хурофотпарастӣ аз пайравии ақидаҳои ботил ва беасос иборат аст ва ақоиду боварҳое, ки онҳоро шахси хурофотӣ пайравӣ мекунад, ба дараҷаи фарҳанг ва фаҳмишу дониши он ҷомеа, ки ин шахс фарди он мебошад, ҳеҷ қаробату иртиботе надоранд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ оид ба решаҳои таърихии пайдоиши мафҳуми “хурофот” маълумотҳои зиёд мавҷуд аст. Масалан, Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар асараш “Муснад” чунин маълумотро овардааст, ки Бани Узро ном қабилаи араб буда, онҳо дар давраи ҷоҳилият Офтобро парастиш менамуданд. Рӯзе Хурофа ном шахсро аз қавми мазкур буд, ҷинҳо ба манзили худ гирифта мебаранд ва пас аз чанд муддат ба манзилаш баргашта меоранд. Хурофа (Хурофот) дидаву мушоҳидаҳои хешро доир ба ҳаёти ҷинҳо дар байни мардум нақл мекард. Аммо мардум ба гуфтаҳову бофтаҳои ӯ бовар намекарданд. Бинобар ҳамин мардум ягон сухани берун аз шуури инсонро шунаванд мегуфтанд, ки “Ин ба суханҳои Хурофа монанд будааст”.Минбаъд мардум гуфтаҳое, ки аз доираи дин ва аҳкоми он берун, ботилу беасосро “Хурофот” ном мебурданд.

Хурофот асосан аз нодонӣ маҳдуд будани донишу маърифат ва ҷоҳилии одамоне сар мезанад, ки онҳо ба сухани ҳар гуна авомфиребон, монанди ҷодугарон, фолбинон тилисмшиканон, ки гӯё онҳо илми ғайбро медонанд, бовар мекунанд. Инчунин, хурофот аз шавқу ҳаваси зиёд, хаёлпарастӣ ва боварӣ ба чизҳое, ки дарки онҳо аз доираи қудрати шуури инсон берун мебошад, низ пайдо мешавад. Хурофот ин боварӣ ба чизи беасос ё ғайриилмӣ дар мавриди ашё ва нақши падидаҳо дар ҷаҳон аст, ки ин боварӣ дар асоси тақлид шакл гирифта ё одатан бо манфиатҳо пайваста аст. Бинобар ин хурофот бо муъҷиза ва тилисм ҳамроҳ аст. Аз ин ҷо, хурофот боварӣ ба қувваи фавқулоддаи сеҳромозест, ки аз олами тахайюлӣ сарчашма гирифта, бо фарҳанг омехта гардидааст ва тавассути аъзои ҷомеа ҳамчун як амри табиӣ пазируфта шудааст. Аксари кулли муҳаққиқон хурофотро муродифи ақидаи ботил ва дурӯғу ғайримантиқӣ мешуморанд.

Муттаасифона, ки ин гуна падидаҳои номатлуб, бидъату хурофот дар замони муосир низ дар зиндагӣ ва муносибатҳои байни мардум ҳоло ҳам ҷой дорад. Дар солҳои Истиқлол Ҳукумати кишвар хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саромади тадбирҳои миллатсозу ваҳдатофарин қарор гирифта, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки миллати дорои таърихи пурғановати тоҷик гузаштаи пурифтихори хешро донад. Ин миллат дар бунёди зиндагии шоиставу озода, эъмори ҷомеаи пешрафта ва орӣ аз хурофоту таассубот, аз пайкору осори бузургони хеш фаровон истифода намояд.Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон доштани соли 2009 дар таҳкими худшиносии миллӣ, пойдории ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеа, рафти амиқи маърифати динӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва муколамаи мазҳабҳову фарҳангҳо арзиш ва аҳаммияти бузургеро молик аст ва яке аз ҳадафҳои “Қуръон”-ро ба тоҷикӣ гардонидануба теъдоди зиёд нашр намудан ва дар байни мардум паҳн намудани ин китоби муқаддас бо иқдоми Сарвари кишварамон ин аст, ки мардум худашон хондаву чӣ будани дини Исломро дарк кунанд ва ба таассубу хурофот гирифтор нашаванд. Инчунин, бо мақсади истифодаи самаранок ва оммафаҳм гардонидани мазмун ва моҳияти аслии меъёрҳои ислом, поксозии онҳо аз таассубу хурофот Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ба василаи он анъанаҳои миллии таърихӣ, ҳамчунин маросимҳои динӣ таҳти танзим қарор гирифта шуданд.

Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои, воқеан, чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад. Дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Омили дигаре, ки боиси нигаронӣ гардидааст ин дур мондани як қисми ҷавонон аз таҳсил ва надоштани касби муайян мебошад. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон аз ҳама пештару бештар бо роҳи осон бо доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Созмону гурӯҳҳои тафриқангез низ бештар бо истифода аз ин омил дар байни ҷавонони миллати миқдоран кам, вале таърихан бойи тоҷик ихтилофҳои мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонони мо истифода буда, онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мегардонанд.

Масалан, онҳо бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва беасос «Ба даст овардани савоби бисёр», «Шаҳиди мутлақ гаштан» ва «Дар биҳишт ҷойи аз ҳама волотаринро соҳиб шудан», ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳои барғалат мебаранд. Онҳоро аз меҳру муҳаббат нисбат ба падару модар ва ватани худ дур карда, вазъи ҷомеаро ноором мегардонанд.

Дар ин маврид Асадии Тӯсӣ чунин фармудааст:

Ҷавонро раҳу раъй гардон бувад,

Дилаш бурдан аз роҳ осон бувад.

Хуб медонем, ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи ин қишри ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд.

Албатта, ин падидаҳои номатлуб ва таъсири манфӣ расонидан ба мафкураи ҷавонон ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад.

Дар чунин мавридҳо барои вазъро воқеъбинона таҳлил намудан, ба он дуруст баҳо додан, бадро аз нек, сиёҳро аз сафед ва каҷро аз рост ҷудо карда тавонистан, албатта, дониши кофӣ доштан лозим меояд, ки нокифоя будани ин омилҳоро дар байни бархе аз ҷавонони мо ҳар лаҳза эҳсос кардан мумкин аст.

Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, мо омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, суҳбату вохӯриҳои судманд ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ташкил намоянд. Ба ҷавонон фаҳмонанд, ки барои ба чунин вазъи ногувор дучор нашудан, бояд онҳо аз илмҳои замони муосир бархӯрдор бошанд. Ба ҷойи беҳудагардӣ китоб мутолиа намоянд, ба волидайни худ ёрӣ расонанд ва ё ба ягон машғулияти манфиатнок вақти худро сарф намоянд. Таъкиди ибрознамудаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2018 айни муддао ва саривақтӣ мебошад: «бори дигар ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд». Оре, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст.

Дар сурати шомил шудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо то абад худ ва дили волидайнашонро доғдор хоҳанд намуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз ҷавононе, ки на саводи диниашон мукаммал асту на дунявиашон доимо гирифтори марги ноҳақ мегарданд. Онҳо бо каме ваъдаҳои бепоя ба ҷангҳои худкуш мераванд ва ҷони худро ба хатар мегузоранд. Ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонанд, ки ҳудкушӣ кардан ё хиёнат ба Модар – Ватан дар дини мубини ислом гуноҳи азимест, ки нобахшиданист.

Мусаллам аст, ки ҷараёни ҷаҳонишавӣ баробари омилҳои мусбӣ хавфи печидагиҳои зиёди манфиро низ дар пай дорад. Раванди оқибатҳои фалокатбари он давоми солҳои охир ба пешрафти ҷомеаи солими ин ё он халқу миллат хатари зиёд овард. Маълум аст, ки таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама ба ҷавонон расидагии бештар дорад, зеро барои насли ҷавоне, ки кулбори таҷрибаи рӯзгорашон кам ва заиф аст, ҳама гуна падидаи нав бидуни андешаи мантиқӣ таъсири бештар мерасонад. Воқеан ҳам, фардои дурахшони давлатдории миллӣ аз пешрафти бемайлони ояндаи ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Бо дарки чунин марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ ва бо ҷонибдорӣ аз таъмини сулҳу суботи ҷомеа ҳамчун кишвари ҷанги даҳшатноки шаҳрвандиро паси сар намуда, мо бояд ба ҷавонони имрӯзаи миллати хеш фаҳмонем, ки ҳамеша пуштибони ҳалли мусолиматомези ҳамагуна мухолифату низоъҳо буда, иртиҷоъпарастӣ ва ифротгароиро қатъиян маҳкум намуда, бар зидди ҳама гуна аъмол ва зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон баранд.

Ҳукумати кишвар ба ҷавонон ҳамчун неруи ояндаи тавоно, созанда ва ташаббускори давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо пайваста чораҳои мушаххас меандешад. Зеро ҷавонон ва сафарбар намудани қувваи бузурги онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ яке аз самтҳое ба ҳисоб меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому пешниҳодҳои ин табақаи фаъолу созандаро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Табиист, ки асри XXI давраи тараққиёти босуръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи зеҳнии инсонӣ мебошад, зеро ҷомеаи имрӯза ба неруи офарандаву созандаи ҷавонони эҷодкор, ҷӯянда ва навовар бештар ниёз дорад. Маҳз ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод метавонанд хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд. Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки инсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруву захираи тавонои зеҳнӣ ба шумор меравад.

Азизова Маҳина,

муаллими кафедраи фонетика ва лексикологияи забони

англисии факултети забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ