​Хониши сиёсӣ: зиракии сиёсӣ-кафили пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ хониши сиёсӣ доир гардид.

Декани факултет Шарифиён Муқаддас аз зарурияти таҳкими зиракии сиёсӣ ва саводи ҳуқуқии ҷавонон таъкид намуда, ҳадаф аз баргузории мунтазами хониши сиёсиро баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён иброз намуд.

Собиров Мурод, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм дар мавзуи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии ҳурофоту бегонапарастӣ” маърӯза намуд.

Гуфта шуд, ки терроризм ва экстремизм тӯли солҳои охир чун ҷараёни хатарнок ба амнияти кишварҳо ва ҳаёти ҳар як сокини ҷомеаи ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунад. Давлату ҳукумати мамлакат ҳамеша таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи доғи рӯз ҷалб намуда, барои аз байн бурдани ин хатари умумӣкишварҳои оламро ба муборизаи дастаҷамъона дар фазои якдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад.

Таъкид гардид, ки сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.

Аз донишҷӯён даъват шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати мубориза бо таҳдидҳои муосир саҳмгузор бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ