​Хониши сиёсӣ: рушди тафаккури техникӣ-талаботи ҷаҳони муосир

Субҳи имрӯз дар факултети филологияи тоҷик хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Дар оғоз декани факултет профессор Замирахон Ӯлмасзода оид ба ташкил ва гузаронидани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбарои баланд бардоштани савияи дониш, маҳорат, малака ва ҷаҳонбинии ҷавонони роҳандозӣ гардидааст ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки маҳз бо ҳамин мақсад солҳои 2020-2040 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда шуд, ки ҳадафи он рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа ба шумор меравад.

Сипас, мудири бахши телевизиони СТТ “Фурӯғ”-и кафедраи жуналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик, Исфандиёр Ҳаитов дар мавзуи “Солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”маърӯза ироа намуд. Мавсуф афзуд, ки яке аз мақсадҳои эълон гардидани бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ расидан ба ҳадафи чоруми стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ба шумор меравад. Гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, мақсади он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технологияҳо, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ