​Хониши сиёсӣ: Роғун-майдони набард

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн низ дар мавзуи “Роғун -майдони набард ва арсаи нангу номуси миллӣ” хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар доираи ин ибтикор донишҷӯён курси якуми ихтисоси Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Ҳунарҳои халқӣ-бадеӣ маърӯзаҳо намуда, дар бораи рафти сохтмон ва бунёди ин иншооти аср навор ба намоиш гузоштанд.

Таъкид гардид, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи НБО “Роғун” пеш аз ҳама, аз шуҷоати фитрӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан, талошҳои бепоён барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум сарчашма мегирад.

“Пешвои миллат НБО “Роғун”-ро корзори нангу номус, ҷабҳаи фидокории умумихалқӣ ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшоникишвари азизамон ном бурда, пайваста таъкид месозанд, ки дар бунёди он боядҳар як тоҷик саҳмгузор бошад. “Роғун” корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корнамоиву фидокории умумихалқӣ ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Бо бунёди“Роғун” мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро месозем. “Роғун” манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод.”- зикр шуд дар доираи хониши сиёсӣ.

Хотиррасон менамоем, ки феълан перомуни мавзуи мавриди назар дар тамоми факултетҳои донишгоҳ хониши сиёсӣ доир гардида, ҳадаф аз он таҳкими ҳисси ватандӯстии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ