​Хониши сиёсӣ: мубориза бо таҳдидҳои муосир

Бо иқдоми шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати донишгоҳ дар факултети геоэкология ва туризм хониши сиёсӣ доир гардид. Дар доираи ин иқдом омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Перомуни мавзуъҳои мавриди зикр Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва Сарвиноз Ҷӯраева, мудири кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ маърузаҳо ироа намуданд.

Таъкид гардид, ки дар раванди бадалшавии идеологияҳо таҳдидҳои муосире пешорӯи инсоният қарор гирифтааст, ки мубориза бо он аз ҷомеа дастҷамъӣ, мутаҳиддӣ ва иттиҳодро тақозо мекунад.

Гуфта шуд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ба амнияти сокинони ҷомеаи ҷаҳон хатари ҷиддӣ оварда, ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ин гуруҳҳо зиракии баланди сиёсӣ зарур аст.

Ҳамзамон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истифодаи самаранок ва оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар доираи хониши сиёсӣ муҳокима шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки ибтикори мазкур ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии донишҷӯён унвон мешавад.

Интизор меравад, ки ин иқдом дар тамоми факултетҳои донишгоҳ роҳандозӣ гардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ