​Хониши сиёсӣ: “Иқдоми ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти обу пирях”

Дар факултети филологияи тоҷик таҳти унвони “Иқломи ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти обу пирях” бо иштироки устодон ва донишҷӯён хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Муовини декан оид ба таълим дотсент Раҳматов Шӯҳрат баромад намуда, таъкид дошт, ки Пешвои миллат ба масъалаи об ва ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бо назардошти аҳамият ва зарурияти ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намуданд, ки аз иқдоми судманди Роҳбари олии давлат дар миқёси ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Дотсенти кафедраи адабиёти муосир Субҳони Аъзамзод зимни ироаи маърӯза доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ