​Хониши сиёсӣ: “Ба сӯи ҳаёти бехатар”

Дар факултети филологияи тоҷик дар мавзуи “Роҳу усулҳои мубориза бо вируси норасоии масунияти одам” хониши сиёсӣ доир шуд. Хониши сиёсӣ бо иқдоми кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавӣ дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО/БПНМ баргузор гардида, дар он Хоҷаева Зуфнуна – мутахассиси Маркази тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд иштирок намуд.

Зимни мулоқот аз ҷониби мутахассис доир ба роҳу усулҳои мубориза бо вируси норасоии масунияти одам маълумоти муфассал дода шуд.

Таъкид гардид, ки 1 декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД)-ро таҷлил менамояд. Аввалин шахсони гирифтор ба ин беморӣ дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Америка ба қайд гирифта шудаанд.

Маълумот дода шуд, ки ВНМО системаи иммунитети шахсро заиф карда, онро барои солим нигоҳ доштани организм мураккаб месозад. Вақте ВНМО рушд меёбад, он метавонад ба Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ/СПИД) оварда расонад.

“Бояд донист, ки ВНМО тавассути оби даҳон, арақи бадан, бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра, баоғӯшгирӣ, сулфа, атсазанӣ, тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот, ашёи маишӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок сироят намекунад»- таъкид шуд зимни мулоқот.

Дар рафти мулоқот Замира Ӯлмасзода– профессор, декани факултети филологияи тоҷик, Мутриба Бобоҷонова– мудири кафедраи “Иттилоот ва технологияҳои робитавӣ” ва сармуаллими кафедра Шаҳноза Зарипова Зарипова сухан намуда, иброз доштанд, ки солимии ҷомеа, пеш аз ҳама, аз солимии ҳар як шахс ва оила сарчашма мегирад.

Ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими саводи тиббии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ