​Хониши сиёсӣ: Ҷавонони Тоҷикистон - зидди истифодаи маводи мухаддир

Дар факултети филологияи тоҷик дар мавзуи “Ҷавонони Тоҷикистон - зидди истифодаи маводи мухаддир” хониши сиёсӣ доир гардид. Ин иқдомро масъулини кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ба роҳ монданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хониши сиёсӣ бо иштироки декани факултет, профессор Замира Ӯлмасзода, нозири пешгирии нашъамандӣ раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Гуландом Мирзоева, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, дотсент Замира Сатторова ва доираи васеи устодону донишҷӯёни факултет баргузор шуд.

Декани факултет, профессор Замира Ӯлмасзода перомуни мавзуи мазкур баромад намуда, қайд кардад, ки дар ҳолатҳои фишор ва хушунати хонаводагӣ ва норасогии дастгирии дараҷаи тахассусӣ дар муассисаҳои таълимӣ наврасону ҷавонон бо ашхоси номаълуми маҳал ва минтақаи зисти худ ошноӣ пайдо карда, бо гурӯҳҳои номаълум мепайванданд ва ҳамин тавр зери таъсири нафарони ҷиноятпешаи нашъаҷаллобу нашъаманд қарор мегиранд.

Дар идома оид ба нашъамандӣ ва зарари он ба саломатии ҷавонон як қатор донишҷӯёни соли аввали бахши рӯзноманигорӣ маърӯза намуданд.

Аз ҷавонон даъват шуд, ки аз зуҳуроти номатлуб ва кирдорҳои ношоиста худ ва атрофиёнро ҳифз намуда, бо шукргузорӣ аз сулҳу шароити мусоиди зиндагӣ барои омӯзиши илму дониш саъй намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ