​Хониши сиёсӣ: 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ

Санаи 13 марти соли равон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ хониши сиёсии усули факултет ба факултет бо донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюм дар аудиторияи 331 баргузор гардид. Дар хониши сиёсӣ муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ - Шукуров Абдуназар Абдухалилович, раиси собиқадорони факултет Усмонов Ҳалимҷон ва намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд - сармутахассис Абдураҳимзода Маҳбуба, шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд - сармутахассис Ризозода Равшан, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд - Абдувосит Ғафуров, ҷонишини мудири шӯъбаи ҷавонони Раёсати донишгоҳ Хушрӯзи Ҷамолиён иштирок ва баромад намуданд.

Сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Шукуров Абдуназар Абдухалилович қироат карда шуда, намояндагони сохтору мақомотҳои дахлдорро бо ҳозирин ошно намуд.

Сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Абдураҳимзода Маҳбуба баромад намуда ҳозиринро бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво шинос намуд. Баъдан сармутахассиси шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд Ризозода Равшан диққати ҳамаи иштирокчиёнро ҷалб намуда оид ба қонунгузорӣ, санаду ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бо масъалаҳои мубрами рӯз бо факту далелҳо баромад намуд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Ғафуров Абдувосит оид ба пешгири аз ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризм ва экстремизм якчанд мисолҳои воқеиро номбар намуда барои ҳамкорӣ ва пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо донишҷӯёнро даъват намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Шукуров А.А. барои чунин вохӯрии судманд, ҳозиринро аз номи садорати факултет ва Раёсати донишгоҳ сипосгузорӣ намуда ба донишҷӯён таъкид намуд, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳамкорӣ бо мақомотҳо, вазоратҳо дар робита бошем, якпорчагии кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ