​Хатарҳои экстремизми динӣ ба ҷомеа

Тавре аз таърих медонем зиддияти байнидиниву фанатзими динӣ метавонад ба сифати барангезандаи ҷиддии терроризми байналхалқӣ ривоҷ ёбад. Омили динӣ имрўз ҳам дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ роли муҳими ҳам мусбиву ҳам манфиро бозида истодааст. Дар як суханронии худ, собиқ раиси Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии аъзои давлатҳои Иттиҳоди двлатҳои мустақим Строев Е.С. қайд карда буд, ки: «Экстремизми динӣ, ки аз амали террористӣ дар ҳазар нахоҳад буд, таҳдиди ҷиддиро ба миён овардааст. Бояд иқрор шуд, ки вай табақаи муайяни руҳонию иҷтимоӣ-сиёсиро фаро гирифта истодааст»

Ин падидаи хатарзо беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан таҳдид мекунад. Ҷараёни доими гирифтани амалҳои ғайриинсонии террористон ба муқобили мардуми оддӣ дар қаламрави кишварҳои Афғонистон, Сурия ва Ироқ аз он далолат медиҳад, ки вазъият дар ин минтақаҳо даҳсолаҳост, ки ноором аст. Дар асоси маълумоти коршиносони муътамад дар ҷаҳон беш аз 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунад, кибештари онҳо барои қурбон шудан дар роҳи ислом (дар асл барои бадном кардани дини ислом) фаъолият мекунад. Дар кишварҳои исломии Сурия ва Ироқт ашкилотҳои террористии пинҳонкор, ки амалиётҳои ваҳшиёнаи худросолҳои охир зиёд карда истодаанд мехоҳанд дар дигар кишварҳои минтақа низ амали вагустариш диҳанд. Нишонаи ин амалҳои гуруҳҳои ифротгаро воқеаҳои рўзҳои охир дар осорхонаи Бардои давлати Тунис, ки дар натиља 23-нафар сайёҳон дар ҳамлаи хунин вафот карданд ва дар Нигерия қабри умумие пайдо карда шуд, ки дар он 75 нафар ҷавононро ҷагиёни ҳаракати террористии «Бақоҳаром» сар бурида зери хок кардаанд.

Қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавононе, ки ба гуруҳҳои динӣ шомилбуда мебошад.

Барои мубориза бурдан бар зидди терроризм, ки асосаш фанатизми динист, бо ҷалби мутахассисони диншинос, ҷомешиносони варзида, ҳуқуқшиносону олимони соҳавӣ, ва кормандони телевизиону раидо корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ бурдан лозим аст. Барои маҳрум сохтани террористоназ ҳадафҳои нопокашон, ки бо дастгирии аҳолии мусалмон таҳти шиори ҳифзи диниашон амалӣ месозанд, зарур аст, ки мақсади ниҳоии террористонро ошкор сохт. Зеро, онҳо бо дин анқариб ягон умумият надоранд. Ғайр аз ин барои сафед кардани терроризм ва дигар зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа ҳеҷ гоҳ динро пеш гузоштан лозим нест. Барои он, ки ягон аз динҳои анъанавии олам зўровариро талқин намесозад.

Воқеан ҳам, баъзе муҳаққиқон тасдиқ мекунанд, ки ин ҳама нодуруст буда, ба сифати мисол роҳпаймоии салибдорони насрониҳо ё фаъолияти экстремистии ваҳобиён ва догматикаи динии «табаррук» гардонидашударо меоранд. Охир фаҳмонидан ба ин тоифа душвор аст, ки дини мубини ислому насронӣ ва буддоиву иудоӣ консептуалӣ буда, аз рўи ғояҳои хеш дини сулҳовару инсондўст ва тарғибкунандаи таҳаммулу некӣ аст. Зуҳуроти экстремистӣ динӣ дар ниқоби шиорҳои динӣ тавассути овардани далелу бурҳони ҳимояткунандаи манфиати гурўҳи муайян аз Тавроту Инҷил ва Қуръон ва дуруст ҳисобидани амали террористҳо бе ба ҳисобгирии контексти ҳуҷҷати динӣ татбиқ мегардад.

Хулоса афзудани таҳдиди терроризми миллӣ, табдил ёфтани он ба мушкилоти азим ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки роҳҳои муборзаи самаранок бар зидди террор, терроризм ва эктремизми динӣ ҷустуҷў намоянд. Даҳсолаҳои охир як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бар зидди терроризм ва пешигирии он таҳия ва қабул шудаанд. Дар ҳалли ин мушкилоти азиму бисёрҷанба бояд сиёсатмадорону сотсиологҳо ва психологу олимони соҳаи гуманитарию ҷомеашиносӣ тадбирҳои ҳамаҷонибаро роҳандозӣ намоянд.

Раҷабов Боҳирҷон

дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ