Хатари терроризм ба ҷомеаи башарӣ
Аз назарияҳои давлатдорӣ равшан мешавад, ки террор дар ҷомеаи башар воситаи асосию паҳнгаштаи замони муборизаҳои инқилобӣ ба шумор рафта, дар давраҳои таҷаддуди ҳаёти сиёсӣ бештар зуҳур мекунад. Дар терроризм зӯрию муқовимати ғайриқонунӣ нуқтаи асосӣ ва меҳварӣ мебошад. Ҳадафи асосии нерўҳои террористӣ аз байн бурдани рақиб аст. Терроризм ҳодисаи куҳани таърихӣ буда, ба маънии талоши қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият аз қадим мавҷуд буд. Террористон дар расидан ба террор даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Аз ин лиҳоз, террор чун воситаи мубориза бар зидди рақибон маъмул аст.
Ҳарчанд дар тадқиқотҳои муҳаққиқони таърихи қадими юнонӣ, аз ҷумла Ксенофон террор василаи самараноку мусбати муборизаи зидди рақибон арзёбӣ шудааст, аммо имрўз он маънии қудратёбӣ ва расидани ташкилотҳои экстремистиро ба ҳадафҳои нопоки сиёсӣ дорад. Ашхоси террорист кўшиш доранд, ки дар ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди динии мардуми ҷомеа тағйир ворид кунанд ва шаҳрвандони дунёро бар зидди сиёсати давлатдорон барангезанд.
Дар ин раванд дини мубини Ислом ҳамчун василаи расидан ба ҳадаф аз ҷониби террористон ба кор рафтааст, аммо чунин коркарди Ислом на ба хотири осоишу амнияти кишварҳо, балки барои расидан ба мақсадҳои нопок дар амри куштори мардум амалӣ мегарданд. Аз ин нуқтаи назар, имрўз терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ аз дардноктарин муаммоҳои олами муосир шинохта шудааст. Табиист, ки омилҳо ва хусусиятҳои ин амал ҳамчун масъалаҳои мубрам аз ҷониби муҳаққиқони ҷиддии улуми сиёсат ва ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқ қарор гирифтаанд.
Сабаҳои ба ин масъала рўй овардани ҷомеаи башарӣ ва аҳли таҳқиқ боиси нигаронӣ будани ин амали номатлуб дар ҷомеа мебошад. Ҳоло тамоми кўшиш ба пешгирӣ кардани омилҳои харобиовар ба шумор рафта, сабаб ва роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм мавриди гуфтугўи бештар қарор ёфтаанд.
Ин масъала дар конфронси илмии байналмилалии сатҳи баланд, ки моҳи майи соли 2018 таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор гардид, аҳамияти худро бори дигар исбот кард. Дар ин конфронс намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷонибдорони воқеии ҷаҳонии муборизаи зидди террор ва экстремизм ҳузур доштанд.
Паҳлӯҳои ҳамаҷонибаи ин масъала дар суханронии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Дар он масъалаҳои мухталифи терроризм ва экстремизми сиёсӣ дар робита ба муаммоҳои ҷаҳони имрўз мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Суханронии Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳониро водор мекунад, ки марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ дар заминаи омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ ба роҳ монда шаванд. Ин гуна тадқиқот моҳияти ҷараёнҳои экстремизм ва терроризми сиёсиро ошкор менамояд. Чун экстремизми сиёсӣ ҷараёни иртиҷоӣ буда, кишвар ва минтақаҳои оламро фаро гирифтааст, зарурати дарки амиқ ва фаҳми ҳамаҷонибаи он пеш меояд.
Мо аз он дар хатар ҳастем, ки дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон қурбони терроризм мегарданд. Ҳузури ҷавонон дар ин амал маънии хеле бад дорад ва нигаронкунанда аст. Вазифаи ҷавонон дар ин гуна шароит аз даст надодани зиракии сиёсӣ, омўзиши сабабу омилҳои ба ифротгарӣ рўй овардани ашхос ва гурўҳҳои терроризм мебошад. Ҷавонон бояд барои дафъи он кӯшиш намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз карда шавад.
Онҳо бояд хеле хуб дарк кунанд, ки оқибатҳои нохуши терроризм ва ифротгароӣ кишвари моро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба чӣ ҳолат овард. Ин давраи пур аз таҳдид ва ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ маҳсуб мешавад, ки дар суханронии Пешвои миллат хеле равшан таҷассум ёфтаанд.
Нимаи дуюми солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри ХХ сар карда амали зӯроварӣ, зулм, фишор овардан, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ, куштори фарзандони барўманди миллат, намояндагони ҷомеаҳои башарӣ ва ғайра дар ҷомеаи мо ба таври гўшношунид зуҳур кард ва садои эътирозро ба вуҷуд оварад, ки ин ҳама решаи ифроту ифротгариро дар кишвари кўчаки мо сабзониданд.
Ҳоло дар байни террористон ин амал авҷ гирифтааст, ки ҷавонони пуртаҷриба ба ниҳодҳои ифротӣ ҷалб карда шаванд. Онҳо зери шиорҳои бофтаву хаёлии «гӯё динӣ» дар байни ҷавонон кор мебаранд, ки амалан аз ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш рўй гардонанд. Ин гуна рафтор амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористиро дар ҷомеа хеле афзуд. Ин гуна ҷавонони ифротгар амали худро «қаҳрамонӣ» ва ё «фидокорӣ» дониста, хоҳони он буданд, ки бо ин васила ба мақсадҳои худ ноил шаванд ва нуфузу дастовардҳои миллиро паст зананд. Ҳамин муносибат сабаб гардид, ки дар сиришти ин ҷавонон на ватанпарварӣ ва рўйи ниёз овардан ба ормонҳои миллӣ, балки итоаткорӣ ба пешвоён ва сарпарастони хориҷӣ бартарӣ пайдо кард.
Насли нави ҷавон бояд ба қадри неъмати истиқлолият ва давлатдории миллӣ расанд, аз паи расидан ба ормонҳои «биҳишт»-иашон нашуда, арзишҳои миллиро азиз доранд, ба қадри давлату давлатдорӣ бирасанд, онро ҳифз намоянд, ки ин ҳама қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии онҳост. Ба ҷавонон шарафу номуси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллат қарзи онҳост. Танҳо бо ҳамин роҳ ба худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ расидан имкон дорад.
Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат нақши баҳрамандӣ аз таърих ва фарҳанги миллиро дар устувор кардани пояҳои андешаи давлатдории ҷавонон муҳим арзёбӣ мекунанд. Аз ин рў, ташвиқу тарғиби таълиму тарбияи насли наврас дар ин раванд дар эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Кирдорҳои ғаразноки ифротагрон арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, ҷомеаро ба фалаҷшавӣ оварда мерасонанд. Бо ин амалҳо оқибат ҳисси нобоварӣ ва таҳдид дар ҷомеа зиёд гардида, корҳои зишту хавфнок меафзоянд. Албатта беҳтар кардани сатҳи шароити зиндагӣ, огоҳӣ аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, басанда будани таълиму тарбия боиси аз бунбасти фақр берун кардани ҷавонон мешавад, аммо набудани инҳо боиси шомил шудани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгаро мегарданд. Дар ин вазъият афроди соҳибмаърифат ва падару модарон масъулияти азим дар аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан ба тарбияи насли наврас ва ҷавононро доранд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бар ин ақидаанд, ки «терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Ба ақидаи Пешвои миллат ифротгароӣ ба ҷуз сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида ба муносибатҳои давлатҳои ҷудогона низ рахна меандозад: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд». Бесабаб нест, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ ба Маҷлиси Олӣ масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста шудааст.
Мо медонем, ки як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқоди динӣ аз ҷониби қудратхоҳони ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, хоса Тоҷикистон ворид шуда, ба вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеа имкон доданд. Мо бояд кўшиш ба харҷ диҳем, ки фарҳанги динӣ ва миллӣ дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Ҷавонон бояд кўр-кўрона ба гурӯҳҳои ифротӣ тақлид накунанд.
Нашри китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон, дастраси мардуми мусулмон қарор гирифтани тарҷумаи Қуръони Карим ба теъдоди зиёд ва ғайра фазои муносибати моро ба Ислом муътадил гардонид. Бо ин амр Пешвои миллат алоқаи терроризм ва ифротгароиро ба дини муқаддаси Ислом қотеона рад намудааст.
Омўзиши силсилаи санадҳои муҳим ошкор менамояд, ки ягона роҳи аз байн бурдани гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ дар заминаи ақидаҳои динӣ мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои дунявӣ ва илмӣ мебошад. Аз ин хотир, дурӣ ҷустан аз ифротгарӣ омили муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ аст. Дар шароити имрўз афроди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, хоса ҷавонон вазифадоранд, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини исломро бо терроризм як медонанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд.
Маълум аст, ки бо гароиш ёфтан ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҷони ҷавонон аз даст меравад ва ҳам ин амр сабаби аз байн рафтани ҷони ҳазорон нафари дигар мешавад. Вазифаи ҳар шаҳрванд, ҳар фарди ҷомеа ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар аст. Ояндаи халқу кишвар бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввурнопазир аст.
Насли наврас ва ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳ иродаи матин доранд ва онҳо дар роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азиз бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.
Шукурова Зайнура,
муаллимаи кафедраи адабиёти муосири тоҷик