​Ғолибони озмуни “Муаллими сол-2023” муайян ва қадр гардиданд

Озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол – 2023”, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шуруъ аз оғози сол эълон гардида буд, ҷамъбаст шуд. Маросими қадршиносии ғолибони озмун дар доираи чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон сурат гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҳасанов Салимбой-дотсенти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ ва Муродӣ Низомиддин - профессори кафедраи забонҳои форсӣ-хитоӣ сазовори ҷойи якум гардида, Ёрмирзоева Мунзифа -муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ва Набиҷонова Зебо - муаллими калони кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ мақоми дуюмро соҳиб шуданд.

Ҷойи сеюмро дар озмуни мазкур Раҷабова Саодат - дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ ишғол намуд.

Ба ғолибон диплом ва мукофоти пулӣ аз 2500 то 1500 сомонӣ супорида шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода устодонро ба муносибати ғолибият табрик гуфта, барояшон дар идомаи фаъолият барору тавфиқи арзишманд таманно намуд.

Озмуни мазкур дар асоси фармоиши ректор дар се сатҳ - кафедра, факултет ва донишгоҳ гузаронида шуд ва дар доираи он сифати дарс ва маводи таълимӣ – методӣ, дараҷаи маҳорату малакаи касбии омўзгор, ташаккули ќобилияти зеҳнӣ ва фаъолияти эҷодии донишҷўён, сатҳи фаъолнокии донишҷўён дар раванди дарс, сифати дарсҳои назарӣ, амалӣ ва муаррифии мавзуъҳо, дараҷаи забондонӣ, риояи меъёрҳои забони давлатӣ, муоширату тадрис бо забонҳои хориҷӣ аз ҷониби ҳайати гуруҳи корӣ мавриди баҳогузорӣ қарор гирифт.

Ғолибон аз рӯйи меъёрҳои истифодаи самараноки методҳои гуногуни таълим, технологияи муосир (тахтаи электронӣ, проектор), усулњои фаъоли таълим ва навгонињо дар сохтори дарс, мавқеи шахсии омӯзгор дар раванди дарс ва маданияти муошират бо донишҷӯён, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ҷараёни ҳаллу фасли мавзӯи нав, ҳамчунин бастаи маводи таълимӣ – методӣ (силлабус, КТМ, супоришҳои КМРО ва КМД), дастуру мақолаҳои таълимӣ – методие, ки аз тарафи омӯзгор дар соли таҳсили 2022 -2023 нашр гардидаанд, муайян гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол – 2023” бо иқдоми шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тадрис ва густариши маҳорати касбии омӯзгорон унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ