​Ғолибияти донишҷӯён дар озмуни "Илм-фурӯғи маърифат"

Даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Аз ҷумла, Нуров Басирҷон, донишҷӯи соли сеюми факултети геоэкология ва туризм дар озмуни мазкур маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойи дуюм гардид. Ба номбурда ҷиҳати ғолибият 25 000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд.

Ҳамзамон, як қатор донишҷӯёни дигари донишгоҳ дар ин озмун мақоми фахриро сазовор гардида, бо мукофоти пулӣ ва ифтихорнома сарфароз шуданд. Дар ин радиф Фахриёр Хӯҷамбердиев сазовори ҷойи ифтихорӣ шуда, бо 3 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва нишони илм ва иноватсия сарфароз гардид.

Донишҷӯёни дигар - Насимхонзода Маҳфузахон ва Хабилова Мавзуна низ бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва нишони илм ва иноватсия қадр шуданд.

Шоистаи таъкид аст, ки муҳассилини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кӯшиш доранд, ки дар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилал иштирок намуда, нуфузи донишгоҳро боз ҳам боло бардоранд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” –ро табрик гуфта, барои ин донишҷӯёни фахрӣ дастовардҳои нодир таманно дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ