ҒОЯҲОИ МУОСИРИ РУШДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРОМИЗМ ДАР ҶАҲОН
«Дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ тақдири имрӯзу ояндаи худро дар даст доштан, истиқлолияти комилу давлатдории миллиро ҳифз намудан, амнияти мамлакату оромии ҷомеаро таъмин кардан ва манфиатҳои миллатро пуштибонӣ карда тавонистан аз мову шумо иҷрои корҳои бузургу барномаҳои стратегиро барои даҳсолаҳои дигар тақозо мекунад.
Аз ҳамин лиҳоз, мо вобаста ба имкониягҳои мавҷудаи моддиву молиявӣ ҳадафҳои такдирсози страгегӣ - истиқлолияти энергетикӣ, истиқлолияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини пешрафти мунтазами иқтисодиёт, сиёсати пайгиронаи иҷтимоӣ, таҳкими амнияти мамлакат ва ҷомеаи шаҳрвандиро пеш гирифта, мехоҳем Ватани азизу муқаддаси худ - Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои пешрафтаи олам расонем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо бобати масъалаҳои мубрами глобалӣ ва аз он ҷумла масъалаҳои терроризм ва экстромизм ва шомилшавии ҷавонон ба ин раванди хавфнок ибрози ақида менамоянд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳушдор медиҳанд, ки бобати ин масъала бетараф набошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.
Бояд қайд кард, ки географияи нооромиҳо торафт васеъ шуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибатҳои байналмилалӣ таъсир мерасонад. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Олимони муосир якчанд омилҳоеро номбар кардаанд, ки барои рушду паҳн гардидани экстремизму терроризм мусоидат менамоянд:
1. Муҳити муайяни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ. Терроризму эктремизм дар ҷамъияте пайдо шуда метавонанд, ки таносубан фарқи байни қишри камбизоати ҷомеа ва дорои он хеле зиёд аст. Дар ҷомеае, ки аксарияти мардум қашшоқона умр ба сар мебаранду барои бо роҳи қонунӣ тағйир додани ҳолати худ боварие надоранд.
2. Барои паҳн гаштани экстремизму терроризм иттилооти бардурӯғе лозим аст, ки ақлу ҳуши одамони ноогоҳро зуд мебарад.
3. Мавҷудияти ҷангҳо ва давлатҳои ҷангзада, ки макони зӯроварӣ мебошанд. Аз нимаи дуюми асри ХХ масъалаҳои ҳалталаби зерин барои экстремизми сиёсӣ мусоидат намуд: ҷанг дар давлати Афғонистон, ҷанги шаҳрвандӣ дар собиқ Югославия (ки дар натиҷа ба якчанд қисм тақсим шуд), Чеченистон, Ливия, Сурия Украина ва дигар давлатҳое, ки аз сари худ ҷангҳоро паси сар кардаанд ва дар баъзеи он давлатҳо идома дорад.
4. Паҳн гардидани ақидаи муайяни бардурӯғ дар ҷомеа агар аз тарфи зиёиён эътироф гардад он гоҳ он албатта доман меафрозад. Бинобар ин зиёиёни кишвар бояд ҳамеша зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд.
5. Масъалаҳои хусусияти геополитикӣ дошта ба монанди:
а) талош барои аз нав тақсим намудани ҷаҳон ва захираҳои он;
б) нақши ИМА дар низоми ҳамкории зиддитеррористӣ кӯшиши ин давлат барои эътироф накардани нақши СММ дар истифодабарии ҷараёнҳои фаъолгарднии мубориза бо терроризм барои манфиатҳои экспансионии худ бо баҳонаи ҷорисозии модели демократии худ.
Мувофиқи ақидаи як қатор тадқиқотчиён барои афзоиши таҳдиди террористию экстремистӣ маҷмӯи заминаҳои хусусиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ, ва психологӣ мусоидат менамояд.
Ба шумораи омилҳои дохилидавлатии афзоиши экстремизму терроризм дар давлатҳои собиқ Шуравӣ инҳо дохил мешаванд:
а. Сиёсӣ:
- аз байн рафтани давлати Шуравӣ ва бо ин сабаб суст шудани фаъолияти мақомоти давлатӣ;
- дар муддати нисбатан зиёд ноустувории низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, сабаби пайдоиши сохтори нави муносибатҳои моликиятӣ ва ашхоси соягӣ ки бо ҳар роҳ ҳукмрониро ба даст овардан мехостанду самти нуфузи худро меафзуданд;
- сатҳи пасти маданияти сиёсии ҷамъият пас аз пошхӯрии давлати Шуравӣ;
- фаъолияти партияҳо, ҳаракатҳо ва ташкилотҳое, ки бо усулҳои зӯроварӣ (сепаратистӣ, динӣ-миллатгароӣ) ҳокимиятро ба даст оварданӣ мешуданд;
- фаъолияти сусти мақомоти давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон;
- ҷангҳои байналмиллӣ ва шаҳрвандӣ;
- мавҷуд будани гурӯҳҳои экстремистӣ;
Иқтисодӣ:
- буҳрони иқтисодии аввалҳои солҳои 90-уми асри ХХ ки бо сабаби аз байн рафтани робитаҳои иқтисодии ягона ба вуҷуд омад;
- беадолатона харида гирифтани (приватизация) моликияти давлатӣ;
- аз даст додани назорати давлат аз болои захираҳои иқтисодӣ-молиявии давлатӣ;
- соягӣ ва ҷиноятпеша шудани бизнес;
- мусоидат карда натавонистани сиёсати иқтисодии ҳокимият барои устувории рушди иқтисодиёт ва кам кардани сатҳи бекорӣ.
Иҷтимоӣ:
- босуръат паст шудани сатҳи зиндагии аксарияти аҳолӣ ва дар як вақт пайдо шудани шумораи ками одамони сарватманд;
- музди пасти меҳнат, кӯмакпулиҳои ночиз, риоя накардани ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон ва ғайра;
- мавҷудияти шахсоне, ки мактабҳои ҷангиро гузаштаанд ва ба иқтисодиёти гузариш мутобиқ шуда натавонистаанд;
- муттаҳидии муҳити ҷиноятпеша.
Ғоявӣ ва психологӣ:
- гум кардани мавқеи ғоявӣ, маънавӣ ва ҳаётии худ аз тарафи аксари одамон;
- руҳияи ноумедӣ ва афзоиши таҷовузкории иҷтимоӣ, паст шудани нуфузи қонун, боварӣ ба қобилият ва имконияти тағйиротҳои мусбӣ;
- тарғиботи васеи бераҳмӣ ва қувва;
- мавҷуд набудани назорат аз болои паҳн гардидани усулҳои фаъолияти террористӣ бо воситаи шабакаҳои иттилоотӣ;
- вайрон шудани феълу хӯи мардум, тантанаи беориву беномусӣ, тағйир ёфтани мафҳумҳо дар бораи тартибот ва инсофу адолат;
- пуриқтидор шудани таъсири меъёрҳои ғайрирасмие, ки муносибатҳои ҷамъиятиро ҷиноятӣ мегардонанд;
- ба вуҷуд омадани принсипҳое, ки дар доираи онҳо таҷовузкорӣ воситаи «қонунии» ба мақсад расидан аст;
- рӯ овардан ба мероси таърихӣ ва сиёсии ташкилотҳои экстремистие, ки дар онҳо парастиши қудрат ва силоҳ ҷузъи ҳатмии тарзи ҳаёт мебошад;
- ақидаи баъзе гурӯҳи одамон ё ҷамъиятҳо, ки ба фикрашон ҳуқуқҳояшон поймолшуда, озодиашон маҳдудшуда, меҳисобанду барои бо ҳар роҳ ҳимоя шуданашон ниёз доранд.
Ба омиҳои дохилие, ки барои паҳн гаштани экстремизм ва терроризм таъсир мерасонанд инҳоро ҳам дохил кардан мумкин аст:
- афзоиши миқдорри нишонаҳои экстремистӣ ва террористӣ дар хориҷи дуру наздик;
- ноустувории вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ дар давлатҳои ҳамсоя, мавҷудияти муноқишаҳои мусаллаҳона дар баъзеи онҳо аз он ҷумла муноқишаҳои территориалӣ ба ҳамдигар;
- мавҷуд набудани назорати боэътимод барои убури сарҳад;
- мавҷудияти бозори силоҳфурӯшии ғайрирасмӣ дар баъзеи давлатҳо;
- ворид шудани ташкилотҳои террористии хориҷӣ ва марзи давлат;
- дар давлатҳои хориҷӣ мавҷудияти қароргоҳҳои тайёркунандаи муҳорибачиён барои ташкилотҳои террористии байналхалқӣ, аз он ҷумла муассисаҳои ғайррирасмие, ки ғояи экстремистиро паҳн мекунанд ва ғайра;
- дастгирии молиявии ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ;
- кӯшиши баъзе давлатҳо барои суст гардонидани мавқеи давлати муайян дар ҷаҳон барои устувор кардани таъсири сиёсӣ, иқтисодӣ ва ё дигари худ;
- паҳн кардани ғояҳои терроризм ва экстремизм бо воситаи манбаъҳои иттилоотӣ, ба монанди шабакаи интернет, воситаи ахбори умум ва ғайра;
- рағбати субъектҳои фаъолияти террористӣ дошта барои васеъ равшан намудани фаъолияти худ дар васоити ахбори умум бо мақсади ба даст овардани маъруфият дар ҷамъият.
Аз гуфтаҳои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки пас аз пош хӯрдани давлати Шуравӣ муддати муайян давлатҳои собиқ Шуравӣ як қатор мушкилиҳои моддиву маънавиро аз сар гузарониданд, ки аз он ҳолат баъзе ниҳодҳои бегона истифода бурданӣ шуда бесару сомониҳоро дар ин давлатҳо ба вуҷуд оварданд, ки ба натиҷаҳои манфӣ оварда расонид. Пас аз ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам як қатор мушкилиҳоро аз сар гузаронид, аммо бо роҳбарии сарвари оқилу доно Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳокимияти мамлакат ҳамаи ин мушкилиҳо паси сар шуда, боз Ватани азизамон ба мамлакати офтобиву меҳмоннавоз ва гул-гул шукуфон табдил ёфта истодааст.
Мо шаҳрвандон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода барои пеш рафтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду дуниявии Тоҷикистони азизамон тамоми кӯшишҳоямонро ба харҷ диҳем, ва нагузорем, ки ғояҳои бегона ба руҳияи мо таъсири худро гузораду ба ҳаёти осоиштаи мо халалдор гардад. Ҷавонон бояд аз илмҳои дақиқ ҳар чӣ зиёдтар баҳравар гашта худро ҳамчун муҳандисон, олимони соҳаҳои худ, ҳунармандони мумтоз, деҳқонони асил, сохтмончиёни чирадаст муаррифӣ намуда барои созандагии ватан саҳми худро гузоранд.
Вокуниш:
Аз маълумоте, ки дар мақола оварда шудааст чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар куҷое, ки набошанд:
- манфиатҳои Ватанро аз манфиатҳои шахсии худ волотар дониста баҳри якпорчагии он ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд;
- ба фарҳангу маданияти бегонагон тақлид накунанду фарҳангу маданияти бобоии худро нигоҳ доранд;
- ахлоқи ҳамида дошта бошанду халқи тоҷикро ҳамчун халқи созанда ва сулҳдӯсту сулҳовар муаррифӣ намоянд;
- илму техникаи муосир, забонҳои хориҷиро омӯзанду баҳри рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми сазовори худро гузоранд.
М.Болтаева,
муаллими кафедраи умумидонишгоҳии фарҳаншиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»