​Геоэкология ва туризм: Беҳтарин донандагони мақолаи Абдуллоҳи Роҳнамо муайян гардиданд

Имрӯз дар факултети геоэкология ва туризм ҷиҳати муайян намудани беҳтарин донандагони мақолаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуллоҳ Раҳнамо таҳти унвони "Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузкор нест?" озмун баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни мазкур донишҷӯён, магистрантон ва докторантони факултет фаъолона иштирок намуда, доир ба мазмуну муҳтавои мақолаи мавриди назар тасаввурот ва фаҳмиши худро ироа доштанд.

Ҳакамони озмун дар ҳайати дотсентони факултет - Аминов Муъминҷон, Собитов Мурод ва Турдиев Турдибой таъсис ёфта, маълумотнокӣ ва сатҳи дониши иштирокчиёни озмун мавриди баҳогузорӣ қарор доданд.

Докторанти соли якум Раҳимов Озод, донишҷӯи соли чорум Нуров Басирҷон, магистранти соли дуюм Мисиров Амридин ва донишҷӯи курси дуюм Қузиқулов Абдуворис ғолиб дониста шуда, ба даври донишгоҳии озмун роҳхат гирифтанд.

Интизор меравад, ки даври донишгоҳии озмун дар таърихи 19 декабр доир гардида, беҳтаринҳо бо мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳои арзишманд қадр мегарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ