​ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА

Дар ҷаҳони муосир масъалаи таъмини сулҳу субот ва ҳифзи амнияти ҷомеа ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, зеро дар баробари дигар таҳдидҳои замони муосир терроризм ҳамчун зуҳуроти хатарноки фаромиллӣ ба амнияти давлатҳо, оромии ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум таҳдид менамояд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар самти мубориза ва пешгирии терроризм сиёсати мақсаднокро амалӣ намуда, барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилию институтсионалӣ ва иттилоотии муқовимат ба ин зуҳурот тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мубориза бо терроризм ба фазои маҷозӣ низ густариш ёфтааст. Имрӯз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа гашта, барои муошират, гирифтани иттилоот, омӯзиш ва табодули андеша имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд. Албатта, истифодаи нодурусти ин имкониятҳо метавонад барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, таблиғоти ифротӣ ва таъсир расонидан ба шуури шаҳрвандон замина фароҳам созад.

Таҳлили равандҳои муосир нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро барои ҷалби ҷонибдорон ва таъсир расонидан ба афкори ҷомеа аз технологияҳои иттилоотӣ истифода бурда метавонанд.

Махсусан, ҷавонон ҳамчун қисми фаъоли истифодабарандагони интернет метавонанд мавриди таъсири иттилооти ғаразнок қарор гиранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иттилоотии насли ҷавон яке аз омилҳои муҳими пешгирии терроризм ва экстремизм ба шумор меравад.

Дар чунин шароит масъалаи саводи рақамӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Ҳар як истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ бояд дарк намояд, ки на ҳама иттилооти дар фазои маҷозӣ паҳншаванда саҳеҳ ва боэътимод аст. Қабл аз қабул ё бознашри маълумот зарур аст, ки манбаъ, мазмун ва ҳадафи он мавриди санҷиш қарор гирад. Паҳн намудани хабарҳои носанҷида метавонад боиси афзоиши воҳима, нобоварӣ ва нооромии иҷтимоӣ гардад.

Дар ин замина рушди тафаккури интиқодӣ хеле муҳим аст. Муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа бояд дар ташаккули тафаккури интиқодии ҷавонон саҳми муносиб гузоранд.

Дар баробари ин, шабакаҳои иҷтимоӣ набояд танҳо ҳамчун манбаи таҳдид арзёбӣ шаванд. Онҳо метавонанд ба воситаи муассири пешгирии терроризм ва ташаккули муҳити солими иттилоотӣ табдил ёбанд. Имрӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ метавон иттилооти дурусту саривақтӣ, маводи маърифатӣ ва ҳуқуқӣ, андешаҳои созанда ва паёмҳои таҳкими сулҳу ваҳдатро ба доираи васеи аҳолӣ расонд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки пеш аз ҳама, бояд ба омилҳои иҷтимоӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ, ки метавонанд ба осебпазирии инсон мусоидат намоянд, таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ихтилофи назар дар ҷомеа бояд бо роҳи муколама ва эҳтироми ҳамдигар ҳал гардад. Таҳаммулпазирӣ, эҳтироми қонун, эҳтироми фарҳанг ва арзишҳои дигарон заминаи муҳими суботи иҷтимоӣ мебошанд.

Фазои иттилоотӣ майдони муҳими мубориза барои шуури инсон гардидааст. Аз ин рӯ, дар баробари таъмини амнияти иттилоотӣ бояд ба ташаккули муҳити солими иттилоотӣ таваҷҷуҳ намуд. Дар ин миён шабакаҳои иҷтимоиро бояд ба абзори муҳими огоҳонӣ, маърифатнокӣ ва таҳкими фазои таблиғи дониш, маърифат, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва арзишҳои созанда табдил дод.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди тафаккури интиқодӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳкими оила ва истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи роҳҳои муҳими расидан ба ин ҳадаф мебошанд.

Ҷомеаи огоҳ, муттаҳид ва дорои фарҳанги баланди иттилоотӣ метавонад дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳои муосир устувор истад ва барои насли оянда фазои осоиштаву соз низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Сурайё Ҳакимова,

дотсенти кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ