​Фарҳод Ҳоҷиев - ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”

Аз санаи 24 ноябр то 1 декабри соли равон дар Китобхонаи миллӣ даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “ “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” баргузор гардид. Дар даври ниҳоӣ Ҳоҷиев Фарҳод магистранти курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ дар гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) сазовори мақоми сеюм гардид.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ