​Факултети математика: дарси кушод

Баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад. Дар ин замина дар факултети математика аз тарафи сармуаллими кафедраи алгебра ва геометрия, Миршоев Абдушафӣ дарси кушод аз фанни алгебра ва назарияи ададҳо дар курси 2-юми ихтисоси математика, гуруҳи 201а дар мавзуи «Муқоисаҳо. Баробарбақиянокиҳо ва хосияти онҳо. Теоремаҳои Эйлер ва Ферма. Муқоисаҳои якномаълума» баргузор гардид

Устод дар раванди дарс ба шогирдон амалан моҳият ва нишондодҳои асосиимавзуъро ошно сохта, бо истифода усули нави таълим ва муаррифиҳои ҷолиб тавассути фаротоб бо таҳлилҳои ҳамаҷониба моҳияти мавзуъро фаҳмонд. Ҳамчунин дар машғулият тавассути бозиҳои таълимӣ ва масъалаҳое, ки доир ба мавзуи мавриди назар мувофиқ буд, истифода кард ва нақши онҳоро дар таълими математика шарҳу тавзеҳ дод. Мақсади машғулияти намунавӣ баланд бардоштани савияи донишидонишҷӯён оид ба масъалаҳои асосии назарияи муқоисаҳо, назарияи тақсимшавӣ дар асоси хосияти муқоисаҳо, инчунин бо истифода аз синфи пурра ва овардашудаи тафриқаҳо ёфтани ҳалли муқоисаҳои якномаълума ва татбиқи он дар масъалаҳои иқтисодиёт арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки баргузории дарсҳои кушоду намунавӣ ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявию амалии муҳассилин ва саҳмгузоштан дар эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” хеле муҳим мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ