​Факултети физикаю техника: конференсияи илмӣ-анъанавӣ

Дар кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физикаю техника конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯёни Донишгоҳ бахшида ба “35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва рӯзи илми тоҷик”баргузор гардид.

Ба кори конференсия декани факултет Абдумалик Қаюмзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро бо рӯзи илми тоҷик табрик намуд.

Сипас, устодон перомуни мавзуъҳо омӯзиши таъсири мутақобила дар биомавод бо истифодаи муодилаи Лотка-Волтер, саҳми Абӯрайҳони Берунӣ дар инкишофи илму техникаи асрҳои миёна, масоили истифодаи энергияи таҷдидпазир дар минтақаҳои шимолии Тоҷикистон, воҳиди ченкунии ҳаҷми иттилоот ва “Ҳодисаҳои мавҷӣ” ва элементҳои вазнин ва мигратсияи он дар ҳудуди Тоҷикистони Шимолӣ маърӯза ироа намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар конференсия зиёда аз даҳ маърӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар хотима маърӯзаҳо муҳокимаронӣ шуда маърӯзаи дотсенти кафедра Ҳалимҷон Ғафуров беҳтарин дониста шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ