​Эмомалӣ Раҳмон - кафили сулҳу субот

Дирӯз дар факултети математика бо ташаббуси кафедраи алгебра ва геометрияи бахшида ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони Иҷлосияи тақдирсоз ва Эмомалӣ Раҳмон - кафили сулҳу ваҳдат мизи мудаввар бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Абдуҳаким Шарипов – дотсенти кафедраи педагогикаи умумӣ, ба кори мизи гирд оғоз бахшида, доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосия 16-уми Шӯрои Олӣ ва нақши он дар давлатдории навиним миллӣ ибрози назар намуд.

Гуфта шуд, ки Рӯзи Президент дар боробари Рӯзи Парчами миллӣ ва Рӯзи Истиқлолияти давлативу Ваҳдати миллӣ аҳамияти таърихӣ дорад.

Иштирокчиён мавзӯҳои Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзӣ Президентро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд. Устодону донишҷӯён дар ин асно хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди бомароми Тоҷикистон ёдовар шуда, эҳтирому саодатмандии худро нисбат ба Президенти мамлакат баён намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ