Эълон! Ба садорати факултетҳо

Раёсати донишгоҳ дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2013, №1402 “Дар бораи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” ба Шумо дастур медиҳад, ки даври аввали озмуни Стипендияи Президентиро дар сатҳи факултет баргузор намуда санаи 7 октябр то соати 14:00 рӯйхати ду нафар довталабро бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва имзову муҳри декани факултет ба унвони шуъбаи кор бо ҷавонон дастрас намоед.

Стипендия ба донишҷӯёни курсҳои 3,4 ва 5-и шуъбаи рӯзонаи шакли буҷавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки танҳо баҳои аъло дошта, дар таҳқиқотҳои илмии инноватсионӣ, чорабиниҳои илмиву сиёсӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд таъин карда шудааст.

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи довталабони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • нусха аз қарори шурои олимони факултетҳо;
  • нусхаи шиноснома;
  • варақаи шахсӣ;
  • ҳолнома;
  • аксҳои 3*46 адад;
  • Маълумотномаи академӣ (транскрипт) дар бораи фаъолияти донишҷӯ;
  • нусха аз дастовардҳои илмӣ – тадқиқотӣ (мақола, патент, шаҳодатномаи ихтироъ ва ғайра);
  • тавсифномаи донишҷӯ;
  • нусхаи дастовардҳо (диплом, ифтихорнома, сипоснома ва ғайра);

Ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи кор боҷавонон, толори раёсати донишгоҳ, ҳуҷраи 102 дастрас намоед.

Шахси маъул: Х.Исмоилов (+992926262220)

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ