Эколог - донишҷӯёни беҳтарин ба даври дуюми олимпиада роҳ ёфтанд

Дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм низ олимпиадаи фаннӣ гузаронида шуд. Чун анъана ин иқдом барои дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки олимпиада аз фанни экологияи умумӣ ташкил шуда, дар он донишҷӯёни ихтисосҳои экологияи умумӣ ва агроэкология иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки саводи иштирокчиёни олимпиада ҳам тариқи тестӣ ва ҳам саволномаҳои хаттӣ санҷида шуда, беҳтаринҳо ба даври дуюм роҳ ёфтанд.

Ҷойи аввалро донишҷӯи курси панҷуми ихтисоси агроэкология Миршамсова Меҳрона, ҷойи дуюмро донишҷӯи курси дуюми ихтисоси агроэкология Мирзошарипова Парвина ва ҷойи сеюмро донишҷӯи курси якуми ихтисоси экология Ашӯрова Раъно сазовор гардиданд.

Интизор меравад, ки ғолибони даври аввал моҳи декабр дар даври дуюм рақобат хоҳанд намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ