​Дурнамои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон


Дар толори хурди раёсати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров бахшида 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон тариқи онлайнӣ аз муассисаҳои олии кишвар маърӯза намуданд.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагогӣ профессор Хайрулло Сабурӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, тибқи барномаи конференсия Мурод Собиров – дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар мавзӯи “Хусусиятҳои фарқкунандаи сайёҳии кишоварзӣ ва сайёҳии деҳот дар даврони муосири рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Амриддин Самеев – дотсенти ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар мавзӯи “Нақши ёдгориҳои таърихии болоби дарёи Панҷ дар инкишофи туризм”, Маҳбуба Амонатова – номзади илмҳои география, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар мавзӯи “Экосайёҳии рекреатсионии Тоҷикистони марказӣ” ва Раъно Сидиқова – сармуаллими ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар мавзӯи “Дараҷаи истифодаи ресурсҳои рекреатсионии минтақаи сайёҳии кӯҳҳои Фон” маърӯза ироа намуданд.

Иштирокдорон ҳадафи ин тадбирро аз тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии минтақаҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва мусоидат кардан ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ арзёбӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ