Донишҷӯён истифодаи тахтаи интерактивиро ёд гирифтанд

Ин навбат маҳфили “Донишҷӯ ватехнологияҳои иттилоотӣ”, ки дар назди кафедраи умимидонишгоҳии информатика амал мекунад, бо ҷалби донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва технология сурат гирифт.

Дар доираи кори маҳфил чун анъана миёни иштирокчиён аз рӯйи се шарт озмун гузаронида шуда, аз ҷониби устодони кафедра баҳогузорӣ гардид.

Мудири кафедра дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов мақсади ташкил кардани маҳфил ва ҳадафҳои асосии ин ташаббусро шарҳ дод.

Озмун миёни донишҷӯён азрўйи шартҳои «Истифодаи тахтаи интерактивӣ - White board дар машғулиятҳои информатика», «Кор бо филворд» ва «Дохил намудани матн дар барномаи виросторони коркарди матнӣ» гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи маҳфил намояндаи раёсати донишгоҳ аз шуъбаи идоракунии сифати тасҳилот иштирок намуда, ҷараёни маҳфил ва ҷамъбасти озмунро таҳлил намуданд.

Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон ҷойи якум ба донишҷў Набиева Нозанин, ҷойи дуюм ба Атаев Маҳмуд ва мақоми сеюм ба Ҳайдарова Шаҳло сазовор дониста шуд.

Хотиррасон менамоем, ки маҳфили «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” дар доираи “Бистсолаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба роҳ монда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ