Донишҷӯён аз осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров дидан мекунанд

Як гуруҳ донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва факултети геоэкология ва туризм аз осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд.

Ин ташаббус барои аз наздик ошноӣ пайдо намудан бо фарҳанги бою нотакрори ниёгони миллии тоҷик ва зиндагиномаи академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати 115-солагии таърихшиноси номии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров таъмиру бозсозӣ гардид.

Иншоот бо истифода аз санъати меъмории миллӣ навсозӣ гардида, саҳни осорхона бо гулгашту фаввораҳои зебо ороиш ёфтааст.

Донишҷӯён дар бораи хизматҳои академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди илми таърихшиносии тоҷик ва ҷойгоҳи бузурги шоҳасари «Тоҷикон» дар раванди ташаккули худогоҳии миллии халқи тоҷик маълумоти муфассал пайдо намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки Бобоҷон Ғафуров муаллифи шоҳасари «Тоҷикон» аст, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин китоб дастраси ҳар як хонаводаи тоҷик гардид ва ҳадаф аз ин иқдом шиносоии бештари ҷомеа бо таърихи пурифтихори халқи тоҷик мебошад.

Чунин ташаббус – боздид аз осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби дигар факултетҳо низ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ