ДДХ: Силсилаи дарсҳои кушоди сатҳи донишгоҳӣ

Дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониш – Дарси сулҳ, амалӣ намудани Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади такмили низоми миллии сифат ва ворид гардидан ба фазои минтақавию байналмилалии таъмини сифат, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот бо иқдоми ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ва Нақшаи баргузории дарсҳои кушод давоми ҳафтаи сипаришуда 7 дарси кушоди намунавии сатҳи донишгоҳӣ аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон сурат гирифт, ки дар кори он масъулини раёсати Донишгоҳ ва устодони факултету кафедраҳо ширкат варзиданд.

Дарсҳои кушод аз ҷониби профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Фахриддин Насриддинов аз фанни муқаддимаи адабиётшиносӣ дар мавзуи “Таркиби луғавии забон”, дотсенти кафедраи биология ва методикаи таълими он Бахтиёр Сабуров аз фанни экология дар мавзуи “Биосеноз. Сохтори намудӣ ва фазоии биосеноз”, муаллими калони кафедраи методикаи таълими физика Ислом Иноятов аз фанни методикаи таълими физика дар мавзуи “Ташаккули мафҳумҳои қувваи чандирӣ, соиш, диформатсия ва инпулси ҷисм”, муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Моҳира Шарипова аз фанни этика ва эстетика дар мавзуи “Арзишҳои ахлоқии оила”, муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ Муҳайёхон Очилова аз фанни математикаи олӣ дар мавзуи “Матритсаҳо ва амалҳо бо онҳо”, муаллими калони кафедраи забони форсӣ ва хитоӣ Муқимҷон Темуров аз фанни забони хориҷӣ аз рӯи ихтисос дар мавзуи “Оилаи ман”, муаллими калони кафедраи омодагии дифои ҳарбӣ ва методикаи таълими он Муртазо Охунов дар мавзуи «Хусусиятҳои ҷангии норинҷакҳои дастӣ» байни курсҳои мухталиф дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки устодон дар ҷараёни дарс аз методи муосири таълим (салоҳиятнокӣ, гурӯҳбандӣ, саволу ҷавоб ва ғай.), техникаю технологияҳои замонавӣ (Notbook, тахтаи электронӣ, проектор, муаррифӣ ва ғай.), лабораторияҳои таълимиву инноватсионӣ ва аёниятҳои гуногун истифода намуда, барои азхуд намудани мавзуъҳои дарсӣ ва бедор намудани шавқу рағбати донишҷӯён ба дарс кӯшиш намуда, малакаву маҳорати худро нишон доданд.

Пас аз ҷамъбасти ҳар як дарсҳои кушоди намунавӣ иштирокчиёни машғулият дарси омӯзгорро дар кафедра таҳлил ва баррасӣ намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти минбаъда тавсияҳои судманд манзур сохтанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки ташаббуси мазкур дар сатҳи донишгоҳӣ, факултетӣ ва кафедравӣ низ давоми соли таҳсили 2023-2024 идома хоҳад ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ