​ДДХ: ифтитоҳи озмоишгоҳи “Рушди барвақтии кӯдак” ва ҳуҷраи “Ташхис ва баҳогузории психологӣ-педагогии кӯдак”

Дар партави татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, татбиқи амалии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025, Барномаи таълимии барвақти кӯдак ва Консепсияи миллии тарбия бахшида ба “Рузи умумиҷаҳонии кӯдакон” дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ озмоишгоҳи “Рушди барвақтии кӯдак” ва ҳуҷраи “Ташхис ва баҳогузории психологӣ-педагогии кӯдак” ифтитоҳ гардид. Дар расми ифтитоҳ ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, муовинони ректор ва ҳайати устодони факултет ширкат варзиданд.

Зимни ифтитоҳ ба сарвари Донишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти озмоишгоҳи “Ташхис ва баҳогузории психологӣ-педагогии кӯдак” ба омӯзиши хусусиятҳои психологӣ-педагогӣ ва иҷтимоии кӯдакони синни томактабӣ, тавассути усулҳои лоиҳавӣ ва ҷадвали инкишофи муқаррарӣ, ҷиҳати инкишофи қобилиятҳои зеҳнӣ, нутқ, сабабҳои сустхонӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, мустақилиятнокӣ, аломатҳои аутизм равона карда шудааст.

Гуфта шуд, ки дар озмоишгоҳ ба минтақаҳо ҷудо карда шуда, минтақаи якуминкишофи нутқи кӯдаконро сайқал медиҳад. Ҳамчунин маводи зарурӣ барои инкишофи нутқ ҷамъ оварда шуда, мутахасисон бо кӯдакмашғулияти амалӣ мегузаронанд. Минтақаи дуюм мувофиқи таълимоти олимиитолиёвӣ Мария Монтосори ба роҳ монда шуда, ҳамзамон минтақаи инкишофи бозиҳои сенсории кӯдак ва минтақаи кориинфиродии мутахассис бо кӯдак тасниф шудааст.

Фаъолияти озмоишгоҳ ба ҳалли мушкилоти бартараф кардани шиддати мушакҳо ва эмотсионалӣ, ҳавасманд кардани функсияҳои ҳассос (биниш, ламс, шунавоӣ, мазза, бӯй, ҳассосият), барои рушди малакаҳои хуби моторӣ равона гардидааст. Зирк шуд, ки ҳавасмандгардонии фаъолияти моторӣ, ҷиҳати рафъи шиддати мушакҳо ва психоэмотионалӣ, ноил шудан ба ҳолати истироҳат ва некӯаҳволии ба роҳати кӯдакон ва эҷоди заминаи мусбати эмотсионалӣ ва баланд бардоштани фаъолияти кӯдкон ба роҳ мондааст..

Дар озмоишгоҳ усулҳои муосири рушди барвақтии кӯдак тариқи бозиҳои таълимӣ, лавҳаҳои корӣ, лабиринтҳо, пайроҳаҳои афсонавӣ, бозиҳо – бандкашӣ, таҷҳизоти ҳуҷраи сенсории бозӣ ва саёҳатӣ, панелҳо, асбобҳои мусиқӣ, мизҳои регкашӣ хусусиятҳои психологии кӯдакон ба роҳ монда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳл

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ