Давраи таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ – поягузор барои омӯзгори босалоҳият

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14- и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони “Давраи таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ – поягузор барои омӯзгори босалоҳият гардидан” барои дар амал тадбиқ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо ташаббуси таҷрибаомӯзони факултет геоэкология ва туризм ташкил ва баргузор гардид.

Роҳбари умумии таҷрибаомӯзии омӯзгории факултет Санам Охунова ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини худшиносии маърифати омӯзгорӣ дарёфти мақоми арзишҳои касбии ӯ маҳсуб меёбад ва ҳар нафаре, ки дар ин ҷода комгор бошад, аз фазилати наҷиб ва арзишҳои волои инсонӣ баҳраёб гардидааст.

Тибқи барномаи мизи мудаввар сармуаллима Зарина Умарова дар мавзӯи “Мақсад ва аҳамияти гузаронидани таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” баромад намуда, қайд кард, ки омўзгори мактаби олӣ бояд шахси донишманд, мушкилнописанд, илмдӯст ва олими пурмаҳсул бошад ва дар тарбияи шогирдон тамоми ҳастиашро равона созанд.

Сипас, таҷрибаомӯзон мавқеи таҷрибаомӯзии педагогиро дар тайёр кардани омӯзгори оянда, вазифаҳои асосии донишҷӯён – таҷрибаомӯзон дар давраи таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимиро муҳим арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки ар як таҷрибаомӯз худро дар ботин ва симои омўзгор дида, тамоми фаъолияти худро барои ташкили самараноки раванди таълиму тарбия равона менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ