Дастоварди арзанда: ғолибияти устодону донишҷӯён дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Илм-фурӯғи маърифат"

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» як қатор ҷойҳои намоёнро соҳиб гардид. Устодону донишҷӯёни ғолиб дар доираи маросими ҷамъбастии озмун, ки дар вазъияти тантанавӣ санаи 28 октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, қадр шуданд.

Аз ҷумла, Аҳмадҷон Домуллоҷонов – номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳ аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ сазовори ҷойи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ, Шаҳриёр Авезов – докторанти курси аввали факултети биология ва химия таҳти роҳбарии дотсент Бердиева Парвина аз рӯи номинатсияи химия ба гирифтани ҷойи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, Мақсадхон Раҳмонова – донишҷӯи курси 4-уми факултети математика муҷофиқи номинатсияи математика зери роҳнамоии дотсент Ҷумаев Бӯстонбек соҳиби ҷойи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15000 сомонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, Ибодзода Сунатилло –донишҷӯи курси панҷуми факултети физикаю техника дар номинатсияи физика ва Мамадҷонов Идрисҷон – донишҷӯи курси чоруми факултети математика дар номинатсияи технологияҳои иттилоотӣ бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадр гардиданд.

Ба ғолибон Диплом, Ҷом ва мукофоти пулӣ супорида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар заминаи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) гузаронида шуда, соли сеюм аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад.

P.s. Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ғолибонро ҷиҳати ноил гардидан ба дастоварди арзанда самимона табрик гуфта, барояшон саодату саломатӣ ва тавфиқи нодиру олӣ таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ