​Дастовард: мақоми ифтихорӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ

Дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими факултети санъати тасвирӣ ва дизайн Олов Саидмаҳмад дар давраи чоруми (ниҳоии) озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” иштирок намуда, сазовори ифтихорнома гардид.

Озмуни мазкур аз санаи 24-юми ноябр то 1-уми декабри соли 2023 дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Олов Саидмаҳмад дар давраҳои шаҳриву вилоятии озмун иштирок намуда сазовори ҷойи якум гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ба роҳ монда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ