​Дарсҳои кушоди намунавӣ дар донишгоҳ

Дар донишгоҳ моҳи октябри соли равон силсилаи дарсҳои кушоди устодон гузаронида шуданд. Дар ин замина санаи 25 октябри соли ҷорӣ дар факултети геоэкология ва туризми таҳти роҳбарии сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Тӯрабоева Дилобар дар гурӯҳи 207 бо иштироки намояндагони раёсат, устодони факултет дарси кушод баргузор гардид. Мавзӯи дарс “Институтҳои (ниҳодҳо)-и иҷтимоӣунвон дошт, ки муаллим амалан донишҷӯёнро бо моҳият ва асосии мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин муаллим дар раванди дарс доири мавзӯи зикршуда машғулиятҳои амалиӣ гузаронида, бо истифода аз аёниятҳо ва слайдҳои ҷолиб ба восита нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба тарзи дурусти корбарӣ бо гурӯҳҳои иҷтимоироба донишҷӯён фаҳмонд. Дар қисми поёнии дарс миёни устод ва шоргирдон мубодилаи афкор сурат гирифт, ки аз посухҳо ҳарду ҷониб қаноатманд гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён, ҳиссиёти баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузории арзишҳои маънавию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ